Агар мо ба саҳифаи таърихи тоҷикон назар кунем, чӣ қадар таърихи бою пурсамареро мо соҳиб ҳастем. Аз замонҳои қадим халқи тоҷик чандин мушкилиҳоро паси сар намуда, боз ба сӯи ояндаи дурахшони худ ҳаракат мекунад. Боиси хушнудист, ки ин ояндаи дурахшоне, ки халқ баҳри он талош мекарданд маҳз ба замони мо рост омад. Ин боиси хушнудӣ ва хурсандӣ аст, ки ин бо шарофати фарзанди миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада истодааст ва маҳз сиёсати пешгирифтаи Пешвои Миллат моро боз ҳам ба сӯи ояндаи нуронӣ ва пешрафта мебарад.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳизбҳо фаъолият бурда истодаанд. Аз байни ин ҳизбҳо ҲХДТ- Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин ҳизби асосӣ ба ҳисоб рафта, ҳамагон ба ин ҳизб боварӣ дошта ба ӯ пайрави мекунанд. Зеро раис ва роҳбари ҲХДТ- Пешвои Миллат мебошанд, ки сиёсати Он кас ҳамаро водор сохт, ки маҳз ҳамин ҳизб ба мо ояндаи дурахшонро кафолат медиҳад.

 Дар даврони ба даст овардани Истиқлолият дар Тоҷикистон ҲНИТ – Ҳизби Назҳати Исломи Тоҷикистон низ фаъолияти худро шурӯъ аз 26 октябри соли 1991 оғоз намуда буд. Ин ҳизб арзишҳо ва аҳдофи худро дар аввали шурӯъ чунин тавсиф мекард: “Бо инояти Худованди муттаъол, пайрави аз Паёмбари гиромӣ (с) ва эътимод ба нерӯву хиради мардум, ноил шудан ба бунёди ҷомеаи пешрафта, озода ва босубот расидан ба авлавияти қонун ва адолати иҷтимоӣ, мардумсолорӣ, шоистасолорӣ ва каромати инсонӣ бар асоси арзишҳои миллию мазҳабӣ ва умумибашарӣ.” Ин гуфтаҳо воқеан зебо менамоянд, вале он кирдорҳо ва амалҳое, ки баъдан аз ин ҳизб сар зад куллан хилофи арзишҳо ва аҳдофи ин ҳизб сурат гирифт.

Ҳизби мазкур дар давоми фаъолияти худ ба сиёсати кишвар халал расонид. Мо хуб медонем, ки дар шароити имрӯза дар Тоҷикистон ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои ифротгарое мавҷуд ҳастанд. Фаъолият ва дастгирии ин ҳаракатҳо тавассути баъзе аз ҳизбҳо сурат гирифта, барои ба мақсадҳои номатлуби баъзе ашхоси ватанфурӯш равона мешаванд. Агар ин ҳизби номбурда воқеан бо пайрави аз Қуръону аз Суннатҳои Паёмбари гиромӣ (с) мекарданд ба чунин амалҳои террористиву эктремистӣ майл намекарданд. Дини мубини Ислом ҳамавақт ҷонибдори аз сулҳ ва пешрафт мебошад, набалки дастгирӣ ва ҷонибдории шахсони беномус,  ки аз пайи озори миллати хеш мебошад. Бинобар сар задани чандин амалҳои номатлуб ва аён шудани якчанд гурӯҳҳои ифротгаро маълум шуд, ки ин ҳама гурӯҳҳо аз ин Ҳизб пайрави карда хостанд, боиси нооромии кишвари биҳиштосори мо гарданд.

 Ногуфта намонад, ки ҲНИТ ягона ҳизб дар Осиёи Маркази дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард. Соли 2015 ин ҳизб террористӣ эълон шуда бо Қарори Суди Олии Тоҷикистон фаъолияташро қатъ кард. Чунки он ҳама ваъдаҳо ва аҳдофи худро ҳизби мазкур риоя карда натавонист.

 Ҳақиқатан айни ҳол дар ҷомеаи имрӯза гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои зиёде мавҷуд ҳастанд, ки ҳаргуна кор ва амалҳои зиштро дар зери байрақи муқаддаси Ислом анҷом дода истодаанд. Терроризм ва Экстремизм ин ба проблемаи умумиҷаҳони табдил ёфта ҳамагон роҳи пеш гирифтани ин гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои хилофи инсону инсондӯстӣ роҳи ҳалро ҷуста истодаанд.

 Боиси хушнуди аст, ки имрӯз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мо оромона шабҳо хоби бароҳат дорем. Ҳол он, ки чи қадар дар расонаҳову хабарҳо ва дигар расонаҳои иттилоотӣ ба мо муайян аст, ки дар давлатҳои дигари ҷаҳон ҷангҳои шадид ва таркишҳо ба амал меоянд. Оқибати ин ҷангҳову нооромиҳо ба хунрезӣ ва кушта шудани мардуми бегуноҳ, хусусан занону кӯдакони беозор анҷом меёбад. Мо бояд шукр аз он кунем, ки Ҳукумати мо сарҳади моро иҳота намуда кӯшиш мекунад, ки мардуми ин сарзамини кӯҳанбунёд ором бихобанд.

 ҲХДТ ин ҳамон ҳизбе мебошад, ки ин ҳама ғамхориҳоро баҳри мо карда истодааст ва ҷавонони моро ба роҳи саодатмандӣ парвариш карда истодааст. Барои ҳар як фарди тоҷик қарз аст, ки ин ҳама ғамҳориҳои Давлат ва Ҳукуматро қадрдонӣ карда саҳми худро дар ободонии кишвар ва миллати хеш гузорад.

 

Хоҳем, ки бахту сулҳу Ваҳдат бирасем,

Бояд, ки ба қадри номи миллат бирасем.

Хоҳем, ки аз тафриқа бошем эмин,

Бояд, ки ба қадри адли Пешво бирасем!

 

Амриддин Азизов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд