«Вазъияти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, фаъолияти торафт вусъат гирифтаистодаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундгаро ва истифода аз номи поку муқаддаси ислом ба манфиатҳои ғаразноки сиёсӣ ҳар яки моро водор месозад, ки ҳамеша зираку ҳушёр бошем, ба номи мубораки ислом ва арзишҳои неку созандаи он иснод наоварем ва ҳар як амали мусулмонии худро дар роҳи шинохти Ҳақ ва ба хотири оромиву осоиши мусулмонон истифода барем».

   Эмомалӣ Раҳмон

 

Терроризм ва экстремизм алҳол реша ронда истода, метавонад хатари ҷиддиеро пеш оварад. Баъзе ашхос ва созмонҳо ҷаҳд доранд, то нақшаҳои худро бо чунин роҳҳо амалӣ созанд. Боиси таассуф аст, ки экстремизм бештар дар соҳаи дини мубини ислом дучор меояд. Ифротгароён дини мубини исломро бадном карда, барои ривоҷ додани амалҳои аблаҳонаи худ аз доираи одамият берун шуда, ҳайвонсиришт амал мекунанд. Онҳо шахсонеанд, ки барояшон чизе арзиш надорад.  Ҷавононро танҳо барои кирдорҳои нопоки худ истифода бурда, бар зидди пайвандони хеш раҳнамоӣ мекунанд. Ҳамаи ин моро водор месозад, то нисбати пешгирии ифротгароӣ масъулияти бештар ҳис карда, муборизаи беамон барем.

Маълум аст, ки агар шахсе ба фиреби муллои чаласавод вохӯрад, ба бозичае табдил гашта, зери навои ӯ мерақсад. Мутаассифона, на ҳар шахс мазмуни ватандориро дарк мекунад, бахусус, шахсоне, ки мехоҳанд фарзандашон тарбияи дурусти диндорӣ бигиранд. Аммо фарзанди худро барои таҳсил ба хориҷа сафарбар намуда, ӯро аз даст медиҳанд.

Мо имрӯз бояд шахсияте тарбия намоем, ки соҳиби дониши баланди сиёсӣ бошад, маданияти миллиро нигоҳ дорад ва барои пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми худро гузорад. Тарбия дар донишкада ба мисли  таълим бояд ба шахсияти донишҷӯ таъсири максималӣ расонад, яъне барои баланд бардоштани сифатҳои ватанпарастӣ, масъулиятшиносӣ, худогоҳии миллӣ, инсондӯстӣ, эҳтироми падару модар ба таври бояду шояд саҳмгузор бошад. 

 Вобаста ба ин, устодони донишкада ба ғайр аз баланд бардоштани сифати таълими донишҷӯён оид ба интизоми намунавӣ, гузаронидани корҳои оммавӣ-тарбиявӣ, маданӣ-равшаннамоӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳо, самаранок истифода бурдани реҷаи вақти донишҷӯ, беҳтар шудани истироҳату фароҳати донишҷӯён корро пурзӯр менамояд.

 Дар роҳи ободиву озодии Ватан саҳми ҳамагон зарур аст. Дар ин ҷода ба бетарафию бегонапарастӣ ҷой нест. Пеши роҳи онҳоеро бояд бигирем, ки барои сиёҳ кардани Тоҷикистон онҳо тӯҳмат мезананд.

 

Муҳаррама Темурова,                     

 мудири  шуъбаи тарбияи ДПДТТХ