Мехостам андешае чанд оиди рафторҳои сарварони ҲНИТ ва пайравони онҳо, ки мақсад ва ниятҳои хело нопок доранд баён созам. ЧӢ хеле, ки мо аз рӯзномаву маҷалаҳо ва аз воситаҳои ахбори умум оиди рафторҳои ношоиста ва ҳатто то ба табаддулоти давлатӣ омодагӣ гирифтани садорат ва пайравони ҲНИТ огоҳи пайдо намудем, ман худ ба худ ба андеша рафтам, ки наход ҳамин шахсонро, ки мехоҳанд боз хуни фарзандони модари тоҷик резад, боз тоҷик бе фарзанду падар монад, модари тоҷик онҳоро зода бошад!

         Алҳазар аз чунин фарзандони модари тоҷик, ки ба доми фиреби хадамоти ҷосусии ғарб ва давлатҳои Эрону Покистон афтода, барои ба дастовардани ҳокимият ҳатто аз табаддулоту хунрезӣ низ наҳаросида, онро бо сарварии пинҳонии раиси ҲНИТ Кабирӣ мехостанд, амалӣ созанд. Хушбахтона, тири ноҳақ ва беадолатонаву хиёнатпешаи онҳо ба ҳадаф нарасид ва садорати ҲНИТ ва кулли пайравони онҳо дар назди давлату миллати тоҷик ҳамчун фарзандони хиёнат ба ватан карда эътироф шудаанд. Садорати дар гуреза будаӣ ҲНИТ, ки имрӯз дар қаламравӣ ҶТ бо қарори судӣ олии ҶТ ҳамчун ҳизби террористӣ эътироф гашта, фаъолияташ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ эълон гардид, аз воситахои техникии ахбори ҷаҳонӣ истифода бурда, боз ҳам ба давлату ҳукумати Тоҷикистон тӯҳматҳоҳи беасосро раво дида бешармона ба давлате, ки дар ҳаққаш хиёнатро раво дидаанд дурӯғҳои гӯшношунидро паҳн карда истодаанд.

         Онҳо аз дастовардҳои хело назаррасӣ дар давоми солҳои хело қӯтоҳи истиқлолияти кишвар барои таърихро ба дастовардаи тоҷикон ноҷавонмардона нодида гирифта, боз тӯҳмат мезананд, ки гӯё аз сиёсати нодурусти давлат ҷавонони тоҷик ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, дар ватани худ гӯё кор наёфта бошанд.

Эй бародарони бешарм, беандеша ва тангназар!  Оё Шумо намедонед, ки аз як давлат ба давлати дигар рафта кор карда, маблағ ёфтан ин як амри доимии ҳаёти одамони сайёра буда, тоҷикон дар Русияву дигар давлатҳо кор карда, маблағ ёфтанашон ин як таомули муқаррарии корёбии тамоми мардуми сайёра аст. Муҳоҷири кори будани тоҷик ва Тоҷикистони ин ҷойи таънаву маломат нест, аммо хиёнат ба модару миллату давлати хеш кардан ин амали хиёнатпешагон ва душманони ашадии модари тоҷик аст.

Дар фарҷоми сухан иброз медорам, ки ин миллату ин давлату ин сарвари тоҷикону Тоҷикистонро худованди бузург бо раҳмати хиш назар кардааст, ки дар муддати наздик ва 30- соли Истиқлолият дастовардҳои бузургеро дар Истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти комуникатсионӣ баромадан, таъмини озуқа ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба даст овардааст, ки ба шаҳодати таърих ягон давлати олам онро ба даст наовардааст.

Акбар Акбаров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд