Артиши Миллӣ зо­даи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Баъди пош хур­дани Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои му­стақили Осиёи Марказӣ дар заминаи биною иншо­оти амнияти ҳарбӣ до­шта, қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд. Ҳамзамон онҳо аз Артиши пурқудрати Шӯравӣ тех­никаи мухталифи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи гуногунро мерос гирифтанд. Вобаста ба вазъи душвори сиёсӣ мутаассифона, он замон милликунонии артиш ме­тавонист сабабгори ва­сеъ ва тулонӣ гардидани ин муноқиша гардад.

Аз рӯзҳои аввали таъсиси Ар­тиши миллӣ афсарони мо дар баробари дар сангарҳо ҷангидан, ба танзими со­хтори ташкилию штатии худ машғул шудаанд. Таҳ­курсии моддӣ-техникӣ умуман вуҷуд надошт. Но­расоӣ ба кадрҳои ҳарбӣ ва мутахассисони касбӣ дар ҳама ҷанбаҳо ҳис мешуд. Сарфи назар аз ин мушки­лиҳо ҳайати шахсии Қув­ваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори муқо­вимат, роҳи пурпечутобе­ро тай намуд. Бунёди Қув­ваҳои Мусаллаҳ кори осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифт. Мақсади асо­сии давраи аввали таъси­си Артиши миллӣ ин ташкили қувваҳои ҳарбие буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳа­ёти осоиштаро дошта бо­шад.

Ба ин мақсад бригада ва баталиёнҳои тирандоз таъсис ёфтанд, ки вазифаи асосии онҳо муқовимат бо қувваҳои зиддидавлатӣ ва муҳофизати сохти кон­ститутсионӣ буд. Давраи дуюм иборат аз такмили сохтори ташкилию штатӣ буда, бо таъсиси наму­дҳои асосӣ, ба монанди қушунҳои хушкигард, қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва қушунҳои мудофиаи зид­диҳавоӣ оғоз гардид. Дар ин давра ҳамчунин ҷузъу томҳое, ки тавонанд му­тобиқи тағирёбии воқеии вазъи ҳарбӣ-сиёсии мин­тақа амал намоянд, соз­мон ёфтанд. Давраи сеюми сохтмони Қувваҳои Мусал­лаҳ пас аз имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон оғоз гар­дид. Дар ин давра вази­фа ва таъиноти намудҳои амалкунандаи Қувваҳои Мусаллаҳ аз нав баррасӣ шуданд.. Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ муттаҳид шу­данд. Чунин навгониҳо, пеш аз ҳама ба болоравии омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ ва таҳкими қобили­яти онҳо баҳри тағйирё­бии вазъияти ҳарбӣ-си­ёсӣ, яъне мутобиқ сохтани аксуламали фаврӣ равона шудаанд.

Ҳар як давлати соҳибистиқлол дар ҳиф­зи субботу амнияти худ ба Артиши миллӣ такья мекунанд. Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, собит на­муд,ки он ҳамчун такягоҳи асосии давдат ва сипари боэътимоди миллат, ба­рои ба эътидол овардани вазъи душвори мамлакат ва пуштибонии сулҳу су­бот хизматҳои беназир на­мудааст.

Бинобар ин мо бояд шукронаи Истиқлоли­ят ва ин хонаи обод намоему дар обод­тар гаштани Ватани азиза­мон саҳми хешро гузорем. Дар ин муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои он ба нерӯи қу­дратманди низоми муҳо­физи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хиз­мат мекунанд. Артиши ҷа­вони Тоҷикистон хусусан, дар солҳои душвори фоҷе­абори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳиф­зи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткории трансмиллӣ ва хомӯш кар­дани ошӯбҳои хиёнатко­рона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷа­вонмардона гузошт.

Имрӯзҳо чун маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши Миллӣ бо ҷӯшу хурӯш идома дорад, танҳо аз хатмкунандагони ихтисоси меъмории донишкада 18 нафар (беш аз 50%) бо амри дилу виҷдон иқдом намудаанд, ки пеш аз муҳлат рисолаҳои хатми худро ҳимоя намуда, барои ҳимояи марзу буми Меҳан маҳз дар ҳамин мавсими баҳорона равона хоҳанд шуд, ки дар ин ҷода ба онҳо далериву шуҷоат ва матонату мардонагиро таманно менамоем.

Юсуфов Ф.Ғ., устоди калони кафедраи меъморӣ