Дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар толори мачлисгоҳи донишкада чорабинии идона доир гардид.

Турсун Холматов, номаи шодбошии директории донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро  ба ифтихори ин ҷашни зебои баҳорӣ ба самъи ҳозирин расонд.

Сипас, ба чанде аз устодон ва кормандоне, ки ҷашнҳои заррини мавлуд доштанд, аз номи Раёсати донишкада бо Ифтихонома ва  тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонда шуд.

Ҳамчунин мусобиқаи футбол байни факултетҳо миёни устодон бахшида ба Рӯзи артиши миллӣ ҷамъбаст гардида, Ҷоми донишкадаро факултети информатика ва энергетика соҳиб шуд. Ҷойи дуюмро факултети сохтмон ва нақлиёт  ва ҷойи сеюмро факултети муҳандисӣ- технологӣ гирифтанд.

Акбар Акбаров, устоди донишкада  ҳамаи устодон, кормандон ва донишҷӯёни донишкадаро бо ҷашни Наврӯзи оламафрӯз табрик намуд.

Дар идомаи чорабинии тантанавӣ шогирдони донишкада бо қироати шеъру суруд ва рақсҳои дилошӯб хотири аҳли нишастро шод намуданд.

Ҳузури ҳофизи ҷавону шинохта Шӯҳрати Расул маҳфилро боз ҳам зеботар намуд.