Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад.

Боиси зикр аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронид ва дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дод. Ҳанӯз аз соли 1999 барои мубориза  бар зидди терроризм ва экстремизм як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд. Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мубориза бо терроризм»  ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» -ро  ба тасвиб расониданд.  Қабули ин ду қонун  барои Ҷумҳурии Тоҷикистон  имкониятҳои  хуберо дар таҳкими мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овард.

Ҳамзамон бо қарори суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 2003 фаъолият бурдани ҳизбу ҳаркатҳо ба монанди Ҳаракати исломии Туркистон, Ҳизб- ут – таҳрир, Салафия, Ансурлоҳ, Ваҳҳобия, Ҷунбиши Исломии Ӯзбекистон, Ал – қоида ва даҳҳои дигар манъ шуда, пас аз ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ соли 2015 ҳизби наҳзати ислом низ ба қатори ҳизбҳои ифротгароӣ шомил шуд.

Масъалаи ҷалби ҷавонон ба сафи ҷунбишу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористӣ, инчунин иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил шудааст. Мутаассифона, аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротгароӣ мепайванданд, онҳое мебошанд, ки саводи зарурии дунявӣ ва маърифати ибтидоии динӣ надоранд. Ин гурӯҳҳо бо истифода аз ҳамин омил ҷавононро ба доми худ кашида, ба коми марг мебаранд. Дар радифи сабабҳои дохилӣ, инчунин, омилҳои берунӣ низ бетаъсир нестанд, ки инҳо намоиши филмҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ, паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет мебошанд. Таҳлили сабабу шароити ба ин ҳолатҳо мусоидаткунанда нишон дод, ки паст будани савияи дониши ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағи муфт, ки онро пайравони гурӯҳҳои тундрав ваъда мекунанд, боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо гардидааст.

Яке аз омилҳои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад. Чунки яке аз сабабҳои шомил шудани ҷавонон ба иттиҳодияи ҷиноятӣ дар муҳити носолим тарбия ёфтан, аз ҷониби падару модарон  ва фароҳам наовардани шароитҳои зарурии моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва рӯҳӣ, заифии таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии алоҳида мебошад. Тавре аз маълумотҳои оморӣ бармеояд дар натиҷаи омӯхтани ин сабабҳо ва гузаронидани вохӯриҳои инфиродӣ бо падару модарон аз 3 ҳазору 233 нафар шаҳрвандон, ки ғайрирасмӣ дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, то ин ҷониб беш аз 3 ҳазор нафар ба Ватан баргардонида шуданд.

Мутаассифона, баъзе ҷавонони мо ҳатто дорои саводи ибтидоии динӣ нестанд. Бо вуҷуди ба дин таваҷҷуҳ доштан шинохти дурусти динӣ надоранд. Бинобар ин, онҳоро аз номи дин ба осонӣ барои шомил шудан ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротӣ даъват мекунанд. Ҷавоне, ки ҷаҳонбинии хуби сиёсӣ надорад, моҳияти равандҳои сиёсии ҷомеа, минтақа ва ҷаҳонро дарк намекунад, зуд ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ меафтад.  Бехабар аз он, ки на дар хизмати ислом, балки дар хизмати кадом як хоҷае қарор гирифтааст.

Аз тарафи мақомоти қудратии кишвар танҳо соли гузашта зиёда аз 70 ҳолатҳои ғайрирасмии диннӣ дар ҳудуди вилоят ба  қайд гирифта шудааст. Мутаассифона, аксари муаллимони ба насли наврас дарс медода худ соҳиби хатту савод ва аз моҳияти дини мубини ислом огоҳӣ надоранд. Дар натиҷа чунин наврасон аз овони кӯдакӣ бо шуури носолим тарбия меёбанд. Ба хондани илмҳои муосир майл пайдо намекунанд.

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дарк кардааст, ки дар паси ҳар мақола ва даъватҳои ғаразноки расонаҳои хориҷӣ гурӯҳҳо ва ё қувваҳои алоҳида меистанд, ки барои онҳо ба хотири манфиатҳои сиёсиашон қурбон намудани ҷони инсонҳо кори осон мебошад. Чунин гурӯҳҳо дар самти ҷалби ҷавонон аз усулҳои таъсиррасони мафкуравӣ истифода намуда, дар асоси ғояҳои динӣ — мазҳабӣ онҳоро ба майдони қатлу куштор мекашанд. Ин фитнаест, ки аз ҷониби душманони қавми мусалмон андохта шуда, мақсадаш нобуд сохтани мусалмонон бо дасти худи онҳо мебошад.

Дар бисёр ҳолатҳо шаҳрвандони мо барои ёфтани посух ба саволҳои норавшани динӣ  рӯ ба шабакаҳои интернет  оварда, ба доми таблиғотчиёни созмонҳои экстремистӣ меафтанд. Ин ташвиқгарон «Қуръон»-и маҷид, ҳадис ва дигар сарчашмаҳои дини мубини Исломро ғаразмандона таҳриф намуда, муроҷиаткунандагонро ба беэҳтиромӣ нисбат ба қонунҳои дунявӣ ва иштирок дар «ҷиҳод» даъват менамоянд.

Ифрот ба маънои аз ҳад гузаштану зиёдаравӣ кардан аст. Дар замони  монро ҷавони манқурт ҳам мегӯянд, ки побанди ақидаҳои як гурӯҳ ҳастанд ва танҳо аз рӯи гуфти онҳо амал мекунанд.

Барои пешгирии ин ҳолат маърифати динӣ ва сиёсии мардум, хоса ҷавононро бояд баланд бардошт.

Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳамкорӣ барои пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгаро, иштироки онҳо дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, барои таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.

Яке аз роҳҳои ҷалб намудани ҷавонон ба гурӯҳу созмонҳои ифротгароӣ- ин бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ ҷалб намудани онҳо мебошад. Хушбахтона, дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти марбута доир ба масъалаи таъсиси «Маркази ягонаи иттилотӣ  ҷиҳати мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм» супориш дода шуд, ки ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳоди асоснок манзур созанд ва бовар ҳаст, ки таъсис додани ин марказ барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муқовимат ба истифодаи  шабакаи интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ натиҷаҳои  дилхоҳ медиҳанд.

Нуктаи муҳими дигаре, ки боиси хушнудии ҳамагон гардид, ин вобаста ба вазъи бамиёномада фароҳам овардани заминаҳои дахлдори ташкиливу ҳуқуқӣ ва фазои оштинопазир бо экстремизм ва терроризм дар сатҳи барномаи стратегии давлатӣ мебошад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дуруст таъкид кард, ки: «Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва дар оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд». Танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити дигаргуншавии авзои сиёсии ҷаҳон ва  бештар шудани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои азими Истиқлолияти давлатии кишварамон, ки пас аз се сол 35 солагии солагии онро таҷлил мекунем, якҷо бо ниҳодҳои масъул амал намоянд».

Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки бо дарки аҳамияти вазифагузориҳои Сарвари давлат иҷрои нишондодҳои Паёмро сармашқи кори худ қарор диҳем, зеро ба бовар метавон гуфт, ки татбиқи босамари ин барномаи ояндасоз дар иртибот ба рушди кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум саҳифаҳои тозаеро боз хоҳад кард.

Тоҳиров Тоҳирҷон, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд