Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд намояндагони SECO-ITC дар вилояти Суғд ва нозирони маҳаллии SECO Trade Promotion East, аз ҷумла Саидмӯъмин Камолов, менеҷери миллии лоиҳаи “Trade Promotion East” ва Малика Иброҳимова, ҳамоҳангсози лоиҳа ва намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон аз Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд боздид намуданд.
Дар ҷараёни боздид меҳмонон бо фаъолияти таълимӣ ва илмии кафедраи технологияи саноати сабуку нассоҷӣ ва факултети муҳандисӣ-технологӣ ошноӣ пайдо намуда, аз лабораторияҳо ва синфхонаҳое дидан карданд, ки донишҷӯён лоиҳаҳои хешро ба амалия татбиқ менамоянд. Баррасии имконоти ҳамкорӣ дар таҳияи барномаҳои инноватсионӣ, омода кардани мутахассисони соҳибихтисос ва пешбурди маркази таълими дӯзандагӣ дар назди парки технологӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Масъулини донишкада дар навбати худ, омодагии худро барои ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи муштараки лоиҳаҳое, ки ба рушди салоҳияти донишҷӯён ва баланд бардоштани сифати тайёр кардани мутахассисони соҳибихтисос, ки дар бозори меҳнати минтақа талабот доранд, изҳор доштанд.
Шуъбаи кор бо ВАО