• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    БУЗУРГДОШТ: РАВШАНИКУНАНДАИ ХИРАДИ БАШАР
 БУЗУРГДОШТ: РАВШАНИКУНАНДАИ ХИРАДИ БАШАР
БУЗУРГДОШТ: РАВШАНИКУНАНДАИ ХИРАДИ БАШАР

Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандони халқ мебахшад ва хешро хушбахт меҳисобад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷомеае, ки бидуни муаллим аст, ҳеҷ гоҳ ба пеш нарафтааст, зеро устод, муаллим, омӯзгор дар ҳар давру замон мақоми ҳидоятгариву роҳнамоиро дошт ва минбаъд низ чунин мақом насиби ӯст. Маҳз ба ҳамин хотир, мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа рӯз то рӯз баланд гардида, эҳтироми ӯ ба арши аъло мерасад. Махсусан дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтиром нисбат ба ин касби пуршараф ва таваҷҷӯҳи хоса бар он бештар зоҳир мегардад. Зеро тамоми мардум бахусус давлату Ҳукумати кишвар эҳсос намуданд, ки ҷомеа бидуни омӯзгор пеш нахоҳад рафт.
Қайд кардан зарур аст, ки агар барои эҳёи маънавити мардум устод, муаллим, омӯзгор заҳмат намекашид зиндагонӣ ҳатто як лаҳза ҳам пеш намерафт. Вазифаи омӯзгори ягона масъулиятест, ки хело сангин буда, таваҷҷӯҳи ҷиддиро талаб мекунад. Маҳз ба ҳамин хотир хизматҳои устодон ҳамеша дар мадди назари давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад.
Омӯзгор яке аз бузургтарин шахсиятҳои ҷомеа ба шумор меравад. Вай мисли чароuест, ки роҳи зиндагиро ба наслҳои нав равшан мекунад. Маҳз омӯзгор аст, ки дониш, ахлоқ ва маърифати инсонро ба фарзандон меомӯзонад ва онҳоро ба роҳи рост раҳнамоӣ менамояд. Ҳанӯз дар замонҳои қадим файласуфон ва мутафаккирон арзиши касби омӯзгориро таъкид мекунад. Суқрот гуфтааст: «Бузугтарин неъмат барои инсон – дониш аст». Ва маҳз омӯзгор аст, ки ин неъматро ба ҷомеа мерасонад. Абӯалӣ ибни Сино низ таъкид кардааст: «Муаллим касест, ақлҳоро равшан ва дилҳор пок месозад». Ин суханон шаҳодати онанд, ки омӯзгор дар ҳар давру замон мақоми баланд дошт ва дорад.
Дар ҷомеае, ки ба омӯзгор арҷ мегузоранд, ҷавонон соҳибилму бафарҳанг буда, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ба дӯш мегиранд. Пешрафти илм, тараққиёти иқтисод ва шукуфоии фарҳанг низ аз заҳмати омӯзгор оuоз меёбад. Омӯзгор равшангари насли башар аст. Вай падару модари дуюм, раҳнамо ва дӯстест барои ҳар як шогирд. Маҳз бо заҳмати омӯзгор ҷомеа рӯ ба рушд меорад ва ояндаи миллат дурахшон мешавад. Касе, ки омӯзгорро эҳтиром мекунад, илму маърифатро эҳтиром кардааст.
Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе, беҳтар аз устод нест.
Оре маҳз бо туфайли талошу кӯшишҳои устод, ҷомеа пешрафт мекунад ва давлат рушду нумӯъ меёбад.
Пешвои миллат дар баромади худ хело орифона қайд кардаанд, ки: “Омӯзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрӯзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ӯ вобастагии калон дорад.
Хиради омӯзгор ҷаҳлу хурофотро аз байн мебарад ва сарчашмаи комёбиҳо мегардад.”
Амон Раҳимов,
устоди ДПДТТ
ба номи академик Муҳаммад Осимӣ
дар шаҳри Хуҷанд


: 20

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 01.10.2025
БУЗУРГДОШТ: РАВШАНИКУНАНДАИ ХИРАДИ БАШАР
БУЗУРГДОШТ: РАВШАНИКУНАНДАИ ХИРАДИ БАШАР
  • 30.09.2025
БУЗУРГДОШТ: ОМӮЗГОР-ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ ВА РАҲНАМОИ ҶОМЕА
БУЗУРГДОШТ: ОМӮЗГОР-ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ ВА РАҲНАМОИ ҶОМЕА

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены