Имрӯз, санаи 22-юми сентябри соли 2025 дар донишкада бахшида ба Рӯзи бузургдошти Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ бо иштироки устодон ва донишҷӯён конфронси илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Бӯйи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме... баргузор шуд.
Нахуст мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Муаттара Раҳматова ҳамагонро бо Рӯзи Рӯдакӣ табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибихтиёри мо таҳти сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги оламшумул, гиромӣ доштани ном ва кору пайкори абармардони илму адаб рукни муҳими давлатдориро ташкил дода, ҷашни фарзандони бузурги миллати тоҷик, ки дар рушди фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштаанд, дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Зеро осори арзишманди аҳли маърифат, аз ҷумла саромади шеъри тоҷикии форсӣ устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ҳамчун ганҷинаи маънавӣ барои шинохти воқеияти таърихӣ, муайян намудани роҳи минбаъдаи давлатдорӣ ва рушду пешрафти кишвари азизамон мусоидат менамояд. Маҳз бо баракати шеъри оламгир ва мероси гаронбаҳои устод Рўдакӣ забони тоҷикӣ асолати хешро нигоҳ дошта, барои бо намунаҳои илмиву адабӣ ва ахлоқиву маънавӣ ғанӣ гардидани хазинаи фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ нақши арзанда гузоштааст.
Номзади илмҳои филологӣ Зафар Раҳмонов дар мавзуъи “Мақоми Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар рушди забони тоҷикӣ” ва омӯзгори калони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Манзура Ҳалимова таҳти унвони “Рӯдакӣ –мубаллиғи андешаи миллӣ” маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Зикр гардид, ки дар бақову пойдории забони тоҷикӣ саҳми Сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ниҳоят калон аст. Рӯдакӣ барои тамоми шоирони адабиёти тоҷику форс мақоми сарвариро дорад, бинобар ин ҳама ҷо аз ӯ ба унвонҳои «одамушшуаро», «устоди сухан», «устоди шоирон», «устоди Аҷам» бо муҳаббату ихлос ва эҳтиром сухан гуфтаанд. Баракати шеъри Рӯдакӣ буд, ки забони тоҷикӣ дар замони Сомониён рушду камол ёфт, пеш аз Рӯдакӣ шоире, ки дар забони форсӣ соҳиби девони комил бошад, маълум нест. Ба ишораи сарчашмаҳо Рӯдакӣ ихтироъкори бисёр шаклҳои шеърӣ буда, аз ҷумла рубоиро маҳз ӯ падид овардааст, нахустин тарҳи маснавӣ ҳам аз Одамушшуаро Рӯдакӣ будааст.
Шеъру суруд аз ашъори шоир ва филм аз зиндагиномаи шоир таҳти унвони “Қисмати шоир” анҷомбахши конфронс буд.
Шуъбаи кор бо ВАО