• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    МУЛОҚОТ: ЗАНИ СОҲИБМАЪРИФАТ-ПЕШОҲАНГИ ҶОМЕА
 МУЛОҚОТ: ЗАНИ СОҲИБМАЪРИФАТ-ПЕШОҲАНГИ ҶОМЕА
МУЛОҚОТ: ЗАНИ СОҲИБМАЪРИФАТ-ПЕШОҲАНГИ ҶОМЕА

Бо мақсади баланд бардоштани рисолати худшиносии миллӣ байни занон, нақши онҳо дар таҳкими оила, пешгирии шиддати пошхӯрии оила, тамоюли афзоиши бегонапарастӣ дар байни бонувон, баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ бо донишҷӯдухтарони факултети муҳандисӣ-технологии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мулоқот доир гардид.
Насиба Дадобоева, муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети муҳандисӣ-технологии донишкада мулоқот ҳусни ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон додааст, ки мақому манзалати зан дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта шавад. Имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса аз тарафи Сарвари кишвар нисбат ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҳама самтҳои хоҷагии халқ, як қатор барнома ва стратегияҳои давлатӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд, ки ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти бонувонро фаро гирифта, татбиқи амалӣ ва ҳаёту фаъолияти бонувони тоҷикро боз ҳам рангину раванди тоза мебахшанд.
Темурова Муҳаррам раиси занон ва духтарони донишкада дар баромади худ зикр намуд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маърифатии занон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Зани соҳибмаърифат метавонад ба заковату ҳушмандӣ, на танҳо мавқеи пешоҳангӣ дошта бошад, балки ҷомеаро тарбия намояд. Зан дар оила ҳамеша нақши муҳимро дошта, иффату зебоӣ, хоксориву маърифатнокӣ хусусияти хоси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Бо таъсири зани соҳибмаълумоту соҳибмаърифат, фарзандонашон ҳам бомаърифат ва китобхон мешаванд. Хислатҳои неки модарашонро дар худ парвариш медиҳанд ва ба модарашон пайравӣ мекунанд. Маҳз ҳамин таҷрибаҳоро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳо ва Паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа диққати ҳамагонро ҷалб месозанд.
Аз ҷониби омӯзгорони калони донишкада Ҳ. Раҳимова ва М. Оқилова бо мисолҳои воқеӣ оқибатҳои шомилшавии занон ба гурӯҳҳои ифротгаро, рӯ овардани занону ҷавондухтарони мо ба фарҳанг ва либоспӯшии бегона, ҷой доштани зӯроварӣ ва хушунат дар оилаҳо, маданияти рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ шарҳ дода шуд.
Дар интиҳои вохӯрӣ аз ҳамаи духтарон даъват ба амал оварда шуд, то нисбати ояндаи худ ва насли тоҷик бетараф набошанду барои соҳибилм шудан доимо кӯшиш намоянд.
Бояд зикр намуд, ки бо назардошти мақом ва рисолати ҷавондухтарон роҳбарияти донишкада пайваста ба ҷавондухтарон ғамхорӣ зоҳир намуда, барои фароҳам овардани шароити таҳсил ва зиндагии шоистаи онҳо тадбирҳои мушаххасро амалӣ месозад.

Шуъбаи кор бо ВАО


: 39

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 01.10.2025
БУЗУРГДОШТ: РАВШАНИКУНАНДАИ ХИРАДИ БАШАР
БУЗУРГДОШТ: РАВШАНИКУНАНДАИ ХИРАДИ БАШАР
  • 30.09.2025
БУЗУРГДОШТ: ОМӮЗГОР-ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ ВА РАҲНАМОИ ҶОМЕА
БУЗУРГДОШТ: ОМӮЗГОР-ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ ВА РАҲНАМОИ ҶОМЕА

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены