Муаллим шахсиятест, ки дар мактаб ташкилкунанда, танзимдиҳанда ва амалан иҷрокори раванди таълиму тарбия, оне, ки аз қуллаҳои баланд об гирифта, баҳри шодоб кардани наслҳои наврас чун сарчашмаи мусаффо аз худ меҷӯшад. Ба тариқи дигар гуем, муаллим муҳандиси нахуст ибтикори тамоми касбу вазифаҳои олам аст. Меарзад дар васфаш бигӯем:
Бар мақоми рушди руҳии одамизод,
Муаллимро муҳандиси аввал бибар ёд.
Азбаски ихтисоси педагогӣ аз қадимулайём – аз давраи олотсозии ҷамъияти ибтидоӣ арзи вуҷуд дорад, истилоҳи он ҳам дар забони мо муродифҳои гуногун гирифтааст: ирмагон, дабир, устод, мулло, мударрис, омӯзгор, муаллим, педагог, мураббӣ ва ғайра.
Муаллимони заҳматпешаи мо мувофиқи қонунҳои педагогӣ амал намуда, нисбати сифати касбӣ ва вазифаҳои волояш худро дар назди халқу ватан масъул ҳис мекунанд. Яке аз вазифаҳои умдаи онон дар шароити давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, шаҳрвандони сатҳи маърифаташон баланд, дорои тафаккури эҷодӣ, ҳамаҷониба рушдёфта ва соҳиби дониши амиқ, маҳорат, малакаи касбӣ тайёр намудан, то ки онҳо бо ғояҳои сулҳдӯстӣ, инсонпарварӣ, адолати иҷтимоӣ, риояи арзишҳои аз тарафи умум эътирофшудаи инсонпарварӣ, ҳуқуқ ва қонунҳо фаро гирифта шудаанд мебошад.
Ҳамаи ин зимни педагогикаи ҳамкорӣ ва инсонпарварона муносибаткуниҳо ба даст меоянд. Зеро педагогикаи ҳамкорӣ манбаи нурафканеро мемонад, ки бо мунисию ғамхорӣ (на танбеҳу фишоровариҳои руҳӣ) олами ниҳони ботини шогирдон: дарду ниёз, шодиву сурур, бурду бохтҳояшонро фаҳмида мегирӣ, бо майлу дархосташон ба касбу ҳунаре меангезонӣ, нуқтаи ноаёни истеъдодашонро меҳрубонона такон медиҳӣ.
Омӯзгор нисбат ба тарбияи солими насли наврас шахси масъул ва дар назди ҷамъият ҷавобгар аст. Вале барои он ки тарбияи солими навниҳолон шикаст наёбад, худи муаллим бояд солимфикр, бомеҳр ҷӯянда ва мушкилкушои пешаи худ бошад, асрори ниҳони касбашро аз халқ ва бузургон биомӯзад. Зеро халқ эҷодкори нодир, омӯзгорӣ моҳир, ислоҳкори қодир аст. Аз халқу орифон ҷудоӣ ин бераҳнамоӣ аст. Агар ба ин манбаъҳои ғанӣ оқилона ру оварда шавад, калиди ҳуфли ҳар мушкилоту муаммо ба каф меояд. Оре, «Зери ранҷ бувад ганҷҳои пинҳонӣ», – мегӯяд мақоли мардумӣ.
Дар хотир бояд дошт, ки натиҷаи кори муаллим имрӯз чӣ хел бошад, фардо ҷомеаи мо ҳамон хел мешавад. Аз ин лиҳоз як донишманди мумтоз даҳҳо одамони ҳамроз ва як муаллими варзида садҳо шогирдони санҷидаро ба камол мерасонад, ки дар оянда барои Ватан-модар хизмати шоиста мекунанд.