Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ифтихору самимият омӯзгори донишкада- Муҳаббатхон Бахтиёрзодаро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ самимона муборакбод мегӯяд.
Санаи 25 сентябри соли 2025 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-037 назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров омӯзгори кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёрзода Муҳаббатхон рисолаи номзадии худро аз рӯйи ихтисоси 10.01.00 – Адабиётшиносӣ (10.01.01 – Адабиёти тоҷик. Равобити адабӣ) дар мавзӯи “Вежагиҳои ғоявию бадеии назми русзабони Тоҷикистон дар нимаи дуюми асри ХХ ва ибтидои асри XXI” таҳти роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлуба Мирзоюнус бо муваффақият ҳимоя намуд.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада Муҳаббатхон Бахтиёрзодаро бо ин дастоварди баланди илмӣ табрику таҳният гуфта, дар корҳои минбаъдаи илмиву эҷодиаш пешравиҳо таманно менамоянд.
Шуъбаи кор бо ВАО