Санаи 29-уми сентябри соли 2025 дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри
Хуҷанд ҷаласаи назоратии раёсати донишкада баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами марбут ба раванди таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Директори донишкада Шаҳриёр Саъдуллозода дар баробари таваҷҷуҳ ба масоили рӯзномаи ҷаласаи назорати раёсат, ҳамзамон ба масъалаи бознигарии барномаҳои таълимии ихтисосҳо, такмили курси методикаи таълими фанҳо, таҷрибаомӯзии пайвастаи донишҷӯён ва назорати КМРО ва КМД ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳо дод.
Ҳамзамон риояи талаботи қонунгузории мамлакат дар бораи танзими расму оин, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, шаффофияти раванди таълим, назорати ҷиддии сифати таҳсил, ҳамкории факултаҳои тахассусӣ бо соҳаи истеҳсолот ҷиддина талаб карда шуда, ба таври муфассал баррасӣ гардид.
Дар анҷоми ҷаласаи назоратии раёсати донишкада масъулин муваззаф гардиданд, ки баҳри иҷрои босифати дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатии соҳавӣ ҷидду ҷаҳд намуда, барои фароҳам овардани муҳити омӯзишии муосир, тарбияи насли босаводу ватандӯст ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ба унвони рисолати касбӣ ва виҷдонии шаҳрвандӣ аз тамоми имконот истифода баранд.
Шуъбаи кор бо ВАО