Нимаи дуюми рӯзи 29-уми сентябри соли 2025 дар Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ семинари омӯзишӣ бо ҷалби гуруҳи корӣ доир ба аккредитатсияи байналмилалии барномаҳои таҳсилотӣ баргузор шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар асоси дурнамои рушд бо мақсади аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани барномаҳои таҳсилотӣ донишкада бо Ассотсиатсияи Осиёи Марказӣ оид ба аккредитатсияи барномаҳои таълимӣ (CAAAE) созишнома ба имзо расонидааст, ки тибқи он як қатор чорабиниҳо роҳандозӣ шуда истодаанд. Семинари мазкур низ дар ҳамин доира баргузор гардида, зимни он устодони Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо коршиносон оид ба омода намудани ҳисоботи худбаҳодиҳӣ, роҳу усули гузариши аккредитатсияи байналмилалии барномаҳои таълимӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҳадаф аз баргузории семинар ва ноил шудан ба аккредитатсияи байналмилалӣ ҳамчун воситаи асосии кафолати сифат, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла байни донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Шуъбаи кор бо ВАО