• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ИҶЛОСИЯ— ҚАДАМИ УСТУВОР ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
 ИҶЛОСИЯ— ҚАДАМИ УСТУВОР ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
ИҶЛОСИЯ— ҚАДАМИ УСТУВОР ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

«Дар таърихи халқи тоҷик Иҷлосияи XVI ум Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони санади сарнавиштсоз асрҳои аср ёдоварӣ хоҳад шуд, чунки он дар ҳаёти кишвар гузариши куллиро ба вуҷуд овард».
Эмомалӣ Раҳмон
Таърихи давлатдории навини тоҷикон бо воқеаҳои пурпечутоби солҳои навадуми асри гузашта сахт вобаста аст. Он давра барои халқи тоҷик яке аз марҳилаҳои душвору тақдирсоз ба ҳисоб мерафт. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон ҳамчун давлати ҷавон ба саҳнаи сиёсии ҷаҳонӣ ворид гардид, аммо дар дохили кишвар ихтилофу нооромиҳо ба амал омаданд.
Ҷанги шаҳрвандӣ, парокандагии мардум, фалаҷ гардидани идоракунии давлатӣ ва суқути иқтисод вазъияти кишварро ниҳоят хатарнок гардонида буданд. Маҳз дар ҳамин рӯзҳои вазнин ва пуртазод Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, нақши наҷотбахши худро бозид.
Иҷлосияи XVI дар шароите баргузор гардид, ки кишвар дар марзи нобудӣ қарор дошт. Сохторҳои давлатӣ фалаҷ шуда, садҳо ҳазор одамон сарсону парешон гашта буданд. Дар чунин лаҳзаи тақдирсоз ва сарнавиштсоз, вакилони халқ бо масъулияти баланди таърихӣ барои наҷоти давлат ва сарҷамъии миллат гирд омаданд.
Маҳз дар ҳамин иҷлосия фарзанди фарзонаи миллат — Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ин рӯйдод нуқтаи гардиш дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар гардид. Пешвои навтаъини давлат дар суханронии нахустини худ бо далерӣ ва садоқат изҳор доштанд:
«Ман ба хотири Ватан, барои ободии мардум ва бозгардондани сулҳ ба хонаи ҳар як тоҷик ҷони худро низ дареғ намедорам!»
Ин суханон ҳамчун савганди ватандорӣ дар саҳифаҳои таърих сабт шуданд ва барои миллати тоҷик рӯҳи умеду итминон бахшиданд.
Дар ҷараёни Иҷлосия масъалаҳои ҳаётан муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ шуданд. Қарорҳои қабулгардида ба барқарорсозии сохторҳои давлатӣ, ба танзим даровардани муносибатҳои байниқавмӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон нигаронида буданд.
Маҳз баъд аз Иҷлосияи XVI буд, ки заминаи воқеии сулҳу ваҳдати миллӣ гузошта шуд. Сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат ва саъю кӯшишҳои беисти ӯ дар ниҳоят ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 овард.
Бинобар ин, Иҷлосияи XVI-ро метавон оғози давраи нави давлатдории тоҷикон ва нуқтаи ибтидои сулҳу суботи кишвар номид.
Бо гузашти зиёда аз се даҳсола, аҳамияти Иҷлосияи XVI танҳо бештар мегардад. Он ҳамчун мактаби ваҳдат, хирад ва масъулияти сиёсӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон сабт шудааст.
Дар натиҷаи он, Тоҷикистон тавонист давлатдории худро эҳё намояд, сохторҳои қонунгузор, иҷроия ва судиро барқарор кунад ва ба ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун як давлати мустақил ва соҳибистиқлол муаррифӣ гардад.
Имрӯз, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон — аз хурд то бузург — бояд бидонад, ки сулҳу оромӣ ва истиқлолияти имрӯза маҳз дар ҳамон иҷлосияи таърихӣ поя гузоштааст.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки:
«Мо бояд сулҳу ваҳдат ва истиқлолиятро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем, зеро ин неъматҳо бо заҳмат ва қурбониҳои бузург ба даст омадаанд».
Ин суханон барои ҳар як ҷавони тоҷик раҳнамоест дар роҳи худшиносӣ ва ватандӯстӣ. Имрӯз ҷавонони кишвар бояд дарси ватандӯстиро аз Иҷлосияи XVI ва аз таҷрибаи зиндагии Пешвои миллат биомӯзанд. Онҳо бояд идомадиҳандагони роҳи сулҳу созандагӣ бошанд.
Бигузор сулҳу оромӣ, ваҳдат ва истиқлолият дар сарзамини куҳанбунёди мо ҳамеша поянда бимонад!
Марҳабо Раҳматуллоева, устоди ДПДТТХ


: 20

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 13.11.2025
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – РАМЗИ ВАҲДАТ ВА ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – РАМЗИ ВАҲДАТ ВА ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ
  • 13.11.2025
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАШАККУЛ ВА РУШДИ МИЛЛӢ
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАШАККУЛ ВА РУШДИ МИЛЛӢ

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены