ТАМРИНИ ТАФАККУР: МУСОБИҚАИ ШОҲМОТ ВА ШАШКА БАЙНИ ДОНИШҶӮЁН БАРГУЗОР ШУД
Бо мақсади тарғиби ҳаёти солим ва рушди бозиҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шоҳмот ва шашка байни донишҷӯён баргузор шуд.
Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқи мазкур пеш аз ҳама тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудан ба машғули мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғиби шоҳмот байни тамоми қишри ҷомеа мебошад. Шоҳмот чун навъи варзиш шӯҳрати беандоза дошта, дар тамоми кишварҳои дунё шуғли писандида аст.
Ҳамин тавр, дар натиҷаи қувваозмоиҳо ғолибон муавйян карда шуданд. Дар мусобиқаи шоҳмот аз рӯи натиҷаҳои инфиродӣ дар байни донишҷӯписарон: ҷои якум: Бахтиёр Шералиев, донишҷӯи курси 4 ихтисоси идораи захираҳои иттилоотӣ, ҷои дуюм: Ифтихор Сатторов, донишҷӯи курси 3 ихтисоси меъморӣ ва ҷои сеюм: Зоҳирҷон Усмонов, донишҷӯи курси як ихтисоси таъмини барқ ва Шавкатҷон Сангинов донишҷӯи курси як ихтисоси таъмини барқ шуданд.
Дар бозии шоҳмот аз рӯи натиҷаҳои инфиродӣ дар байни донишҷӯдухтарон Ширмоной Раҳимҷонова, донишҷӯи курси як ихтисоси таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ, Мастона Эргашева, донишҷӯи курси 3 ихтисоси технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ ва Нилуфар Дадобоева донишҷӯи курси як ихтисоси технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд.
Дар мусобиқаи шоҳмот аз рӯи натиҷаҳои даставӣ мақоми аввал факултети энергетика, зинаи дуюм факултети сохтмон ва нақлиёт ва ҷойи сеюмро факултети муҳандисӣ-технологӣ соҳиб шуданд.
Дар бозии шашка аз рӯи натиҷаҳои инфиродӣ дар байни донишҷӯписарон Фарҳодҷон Сангинов, донишҷӯи курси 3 ихитсоси ихтисосиидораи захираҳои иттилоотӣ, Шоҳрух Неъматов, донишҷӯи курси 2 ихтисоси сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ ва Аслидинхон Хонтӯраев донишҷӯи курси як ихтисоси молия ва қарз мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд.
Дар намуди шашка аз рӯи натиҷаҳои инфиродӣ дар байни донишҷӯдухтарон ҷойи якум: Сафина Хашимӣ, донишҷӯи курси як ихтисосимолия ва қарз, ҷойи дуюм Робияхон Маҳмудов, донишҷӯи курси як ихтисоси технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ ва ҷойи сеюм насиби Мунисахон Исломова , донишҷӯи курси як ихтисоси логистика ва Нозанин Раҷабова, донишҷӯи курси 2 ихтисоси технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт) гаштанд.
Бояд қайд намуд, ки шоҳмот яке аз кашфиётҳои куҳантарин ва аҷибтарин бозии мардуми форсу тоҷик мебошад, ки имрӯз ҳамчун варзиши сабук дар тамоми ҷаҳон матраҳ аст. Аз ин ҷост, ки ҳангоми бозии шоҳмот варзиш додани тафаккур ва зеҳн дар баробари тамрини бадан инкишоф меёбад. Варзиш додани тафаккуру зеҳн ба василаи бозии шоҳмот, ки маъмултарини бозиҳои варзиши ақлонӣ ё зеҳнӣ аст, дар тамаддуни ориёӣ мавқеи аввалиндараҷа доштааст.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО