• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ФАКУЛТА БА ФАКУЛТА: “ТАРБИЯИ ВАТАНПАРАСТИИ ШАҲРВАНДОН-ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ”
 ФАКУЛТА БА ФАКУЛТА: “ТАРБИЯИ ВАТАНПАРАСТИИ ШАҲРВАНДОН-ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ”
ФАКУЛТА БА ФАКУЛТА: “ТАРБИЯИ ВАТАНПАРАСТИИ ШАҲРВАНДОН-ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ”

Дар асоси нақшаи кории фаъолияти муштараки сохторҳои дахлдори вилоят ва шаҳру ноҳия, Раёсатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, тандурустӣ, шуъбаи дин ва танзими ҷашну маросим оид ба гузаронидани хонишҳои сиёсӣ бо усули “Факулта ба факулта” ва “Курс ба курс” дар мавзӯи “Тарбияи ватанпарастии шаҳрвандон-омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” бо донишҷӯёни факултетҳои энергетика, сохтмон ва нақлиёт мулоқот баргузор гардид.
Дар мулоқот нозири калон оид ба корҳои махсуси Раёсати агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковник Гуландом Мирзоева, нозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, майори адлия Фаррух Раҳмонзода, мудири шуъбаи арзёбӣ ва баҳодиҳии маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО дар вилояти Суғд Ҷамолиддин Сайфуллоев, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Абдуҷамил Абдуллозода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки дар раванди ҷаҳонгароӣ баробари баланд бардоштани сатҳи маърифатнокию соҳибтахассус кардани ҳар фарди ҷомеа давлатро зарур аст, ки ба тарбияи ватандӯстӣ диққати аввалиндараҷа дода, давлатмеҳвариро дар зинаи аввал қарор диҳад.
Сафҳои гурӯҳу ташкилоти экстремистию террористӣ пур аз ҷавонони донишманду соҳибтахассус ва донандаи хуби чандин забони байналхалқӣ мебошанд. Аммо вақте аз овони ҷавонӣ дар замири ин зумра ватандӯстӣ ба таври шоиста шакл нагирифтааст, онҳо бо ҳама донишу маънавиёти худ ба доми барномаю гурӯҳҳои тундгаро меафтанд. Аз ҳамин лиҳоз шуруъ аз боғчаву мактаб то муассисаҳои таҳсилоти касбии миёнаю олӣ бояд насли навро ба тарбияи ватандӯстӣ ҷалб намоем ва байни ҳамаи табақаҳои ҷомеа давлатмеҳвариро талқин созем.
Шахси ҷавон, агарчанде ки донишманд ҳам набошад, аммо вақте меҳри ватан дар қалбаш ҷой дорад, дар дилхоҳ ҳолат барои ватану миллат сина сипар мекунад. Дар таърихи давлатҳои дунё ин нукта садҳо маротиба исботи худро ёфтааст. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба тарзи бефосила, бетанаффус ва ба таври доимӣ машғул шавем. Дар ин масир танҳо дар ҳолате муваффақ мешавем, ки беҳтарин қувваҳои зеҳнӣ ва илмию фарҳангии худро ба ин ҷода равона намоем.
Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ ба ин масъала диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Ҳамагӣ баъд аз шаш моҳи ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Парлумони мамлакат Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро ба тасвиб расонид, ки ин санад заминаҳои ташкилию ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавононро муҳайё намуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин солҳои роҳбарӣ бо дарки ин масъала бо ҷавонони мамлакат вохӯрӣ доир намуданд, ки он барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон дар солҳои баъдӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Аз ҳамон марҳалаҳои душвори таърихӣ сар карда, то ба ҳол давлат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар ва ҷойи кор гардидани онҳо, инчунин мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Мулоқот бо суолу ҷавоб анҷом пазируфт.

Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО


: 11

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 13.11.2025
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – РАМЗИ ВАҲДАТ ВА ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – РАМЗИ ВАҲДАТ ВА ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ
  • 13.11.2025
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАШАККУЛ ВА РУШДИ МИЛЛӢ
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАШАККУЛ ВА РУШДИ МИЛЛӢ

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены