ТАЪРИХ ГУВОҲИ САРНАВИШТИ МИЛЛАТ АСТ
Ҳар қавму ҳар миллат вобаста ба таърихи худ саргузашту сарнавиштеро аз сар гузаронидааст, ки ҳамаи он хотироте дар ниҳоди мардумон мемонад, ки ҳам ҷиҳатҳои манфӣ ва ҳам мусбӣ дорад. Оре, таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик аз азал қавми бофазлу хирад ва дурандешу ояндабин буд. Маҳз рисолати илмомӯзиву донишмандии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бо таърихшиносиву хирадмандии хеш барои эҳёи давлатдории навин дар сохтори миллиамон сохти давлатӣ, Конститутсиониро ҷорӣ намуда, ба миллати тоҷик фазои озодии виҷдону баёнро фароҳам овард. Аз таърихи миллати худ ҳар кадоми мо огаҳ ҳастем, ки аксарияти давлатҳои ҷаҳон имрӯз барои як бурда нони хурданӣ, барои дидани як лабханди беғаши кӯдакона ва барои таъмини амнияти модарону хоҳаронашон солҳост, ки талошу орзу мекунанд. Дар асл паси ҳамаи ин нобасомониҳои миллатҳои ҷангзада аз он иборат аст, ки бархе манфиатҷӯёну мансабталошон ба хотири манфиати хеш манфиати миллионҳо нафарро қавму миллатеро зери по задани ҳастанд.
Қайд бояд кард, ки ҷидду ҷаҳд ба хотири қудрат ва ҳокимият аз азал вуҷуд дошт, ин ягон падидаи наве дар ҳаёти сиёсии мардумони олам нест, аммо дар гузашта фақат барои ба сари ҳокимият омадан талош шавад, имрӯз натиҷаи ин талошҳои манфиатҷӯён пеш аз ҳама ба маргу азияти мардумони бечорае омада расидааст. Сад афсӯс, ки дар замони кунуни ташкилоту созмонҳои гуногуни динию ҳурофотӣ ва ифротгароӣ берун аз марзи кишвар ташкил гардидаасту бо фаъолияти хеш ба озодӣ ва истиқлолияти аксарияти мамолики олам таъсири худро расонида истодааст. Барои раҳоӣ ёфтан аз дасти амалҳои вайронкоронаи онҳо моро мебояд, ки пеш аз ҳама зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем. Зеро хурдтарин холигоҳро носипосону нохалафон мавқеи ҳадафнок қарор дода, ба хотири дар амал татбиқ намудани мақсадҳои нопоки худ, яъне гаравиши ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгару барбоддиҳандаи ҳаёти онҳо, зарба задан ба ҳаёти осудаи миллатҳо мешаванд.
Қайд бояд, ки миллати тоҷик, агар имрӯз соҳибистиқлолу соҳиби сулҳу ваҳдати миллӣ бошад, он ҳама самараи шабонарӯзии ватандӯстону ҷасоратмардон аст. Зеро замоне шуд, ки миллати тоҷикро низ бархе нохалафон зери ҳадафи барбод додани сохтори демократии он қарор доданд ва хостанд, ки онҳо пеш аз ҳама ба қувваи асосси ҷомеа, қувваи пешбарандаи халқ, яъне ҷавононро хостанд, ки зидди ҳам шӯронанд ва натиҷа дар миллати мо ҷанги бародар бо бародар оғоз гардида, Тоҷикистон кам монда буд, ки ба хотири ин нобасомониҳо ба вартаи ҳалокат омада расад.
Хушбахтона бахти мардуми тоҷик баланд иқбол ёфт, зеро он замон шуҷоатмарди Ватан, Пешвои миллат, бо боварии комил ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон ҳокимияти давлатиро соҳиб гашта, мардумро аз вартаи ҳалокат раҳо бахшиданд ва халқу миллат саодати озодӣ ва ба Ватан сулҳу оромӣ ва осоиштагиро фароҳам оварданд.
Муаттар Раҳматова,
устоди ДПДТТХ
ба номи академик Муҳаммад Осимӣ
дар шаҳри Хуҷанд