ҲАМОИШ: РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ-РАМЗИ ВАҲДАТ, УМЕД ВА ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи тақдирсози миллат дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши идона баргузор гардид.
Директори донишкада Хурсанд Содиқзода, устодон ва донишҷӯёнро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди навбатии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки ҳар як миллат дар саҳифаҳои таърихиаш лаҳзаҳое дорад, ки сарнавишти он миллатро тағйир додааст. Барои мардуми мо тоҷикон чунин лаҳза рӯзи 16 ноябри соли 1992 буд-рӯзе, ки миллати тоҷик ба роҳбари хирадманду қавиирода эҳтиёҷ дошт ва чунин шахс дар симои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо гардид. Он рӯз дар толори Қасри Арбоб дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд суханони устувору дилнишини Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танинандоз шуд ва қайд карданд, ки: «Ман ба хотири барқарор кардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҷони худро дареғ намедорам». Ин суханон ба дилҳои миллионҳо тоҷик умед бахшид. Аз ҳамон лаҳза мардуми тоҷик роҳеро пеш гирифт, ки ба сулҳ, оромӣ ва озодӣ буд. Аз ҳамин сабаб, Рӯзи Президент рамзи ваҳдат, умед, ва эҳёи давлатдории миллӣ гардид.
Изҳор гардид, ки Ватан-Модар барои ҳар як фарди бонангу номус мафҳуми муқаддастарин аст. Бо чашми сар мебинем, бо ақли солим дарк мекунему шоҳидем, ки маҳз дар натиҷаи фаъолияти шабонарӯзии Пешвои миллат дар баробари таъмини рушди иқтисодии давлати азизамон, беҳтарсозии тадриҷии шароити иҷтимоиву фароғатии мардум, робитаву муносибатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳамаи давлатҳои олам қавитар гардида, ҳамарӯза обруву нуфӯзи мамлакати мо боло ва миллати тоҷик сарбаландтар шуда истодааст. Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, бо ин мақсад дар соҳа 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард.Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст. Илова бар ин, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд. Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.
Хурсанд Содиқзода афзуд, ки маҳз меҳанпарастиву инсондӯстии Пешвои миллат буд, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш ва меҳру шавқати бародарӣ дар ҷомеъа ба вуҷуд омад. Дар баробари ин, сабру таҳаммулпазирии Сарвари давлат буд, ки ҷонибҳои мухолиф ёру бародар гардида, дар пайи ободии Ватан камар бастанд. Дар қатори дигар дастовардҳои қаҳрамононаи Президенти мамлакат кушодани нақбҳои бузург дар ағбаҳои душворгузар ва тахту ҳамворсозии роҳҳои куҳӣ ва бунёди роҳҳои қаблан ғайриимкон ба тоҷикон имкон дод, ки Тоҷикистони се порча ба як давлати воҳид табдил дода шавад.
Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ифтихор доранд, ки кишварамон дар зери парчами сулҳу оромӣ, ва бо раҳбарии оқилонаи Пешвои миллат пеш меравад. Дар давоми солҳои истиқлолияти Тоҷикистон аз давлати харобгашта ба кишвари рӯ ба тараққӣ табдил ёфт. Шаҳру деҳот обод шуд, роҳҳо ва пулҳои нав сохта шуданд, нерӯгоҳҳои барқӣ қомат афрохтанд, ва Тоҷикистон аз кишвари камбизоат ба давлати дорои сиёсати мустақили байналмилалӣ мубаддал гашт. Имрӯз номи Тоҷикистон дар минбарҳои ҷаҳонӣ бо эҳтиром зикр мегардад. Пешвои миллат дар масъалаҳои глобалӣ, аз ҳифзи захираҳои об то таъмини амнияти минтақавӣ бо далелу тадбирҳо сухан мегӯянд, ки оламиён иқдомҳои Пешвои миллати маҳбуби моро қабул доранд. Ин ҳама нишонаи он аст, ки сиёсатмадори ҳақиқӣ метавонад бо дониш, ирода ва муҳаббати ватандӯстона кишварро ба сӯи фардои дурахшон роҳбарӣ намояд.
Сипас ба як қатор устодони нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Барномаи ватандӯстонаи фарҳангии донишҷӯёни донишкада ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО