• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ТАҚДИМИ СТИПЕНДИЯИ ИККМИ БА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА
 ТАҚДИМИ СТИПЕНДИЯИ ИККМИ БА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА
ТАҚДИМИ СТИПЕНДИЯИ ИККМИ БА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА

Дар маҷлисгоҳи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Президент, солгарди навбатии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони “Аз анҷумани иқбол то парчами истиқлол” баргузор гардид.
Дар конференсия Мӯсобек Самизода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд, Шарифулло Абдуллозода-раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят, Шавкат Шарипов - дотсенти факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, Рустам Юлдошев -директори осорхонаи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, раисони Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, донишҷӯён ва фаъолони соҳа иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки пас аз пош хӯрдани иттиҳоди Шӯравӣ ва коста шудани ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддат ба кишвари мо вазъи нохуб ва низои дохилиро ба бор овард, ки ба қишрҳои ҷомеа хисороти зиёд расид. Дар таърихи миллати тоҷик ин фоҷиаи гарон чун саҳифаи фаромӯшнашаванда сабт шудааст, то дарси ибрати наслҳои имрӯзу оянда гардад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуданд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Маҳз дар Иҷлосияи такдирсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд. Ба ӯҳдаи сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид.
Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар савганди худ содиқ монда, барои ба даст овардани сулҳи тоҷикон нахуст дасти мардонагии худро ба сӯи мухолифини ҳукумат дароз карда, сулҳи ҷовидонаи тоҷиконро ба даст оварданд.
Дар ин Конференсия аз хидматҳои Пешвои миллат баҳри ба эътидол овардани сулҳ ва шинохти кишвари ҷавони мо аз диди давлатҳои хориҷа низ ёдоварӣ карда шуд.
Дар охир аз тарафи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд ба 15 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ стипендияҳои Иттифоқи касабаи маориф супорида шуд. Аз ҷумла донишҷӯи курси 2 ихтисоси таълими касбӣ (аз рӯи самтҳо)-и донишкада Фазилатхон Содиқова ва донишҷӯи курси 3 ихтисоси автоматонии ҳаракатоварҳои барқии донишкада Шодрӯз Ҳасанов ба стипендияи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд сазовор гардидаанд.

Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО


: 10

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 14.11.2025
ҲАМОИШ: РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ-РАМЗИ ВАҲДАТ, УМЕД ВА ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
ҲАМОИШ: РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ-РАМЗИ ВАҲДАТ, УМЕД ВА ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
  • 14.11.2025
ВАТАН – БО ПЕШВО БА ПЕШ!
ВАТАН – БО ПЕШВО БА ПЕШ!

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены