СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ: ТАРҲИ ЛОИҲАҲОИ ГРАНТӢ
Бо мақсади тақвият додани иқтидори илмию амалии ҳайати профессорону устодона ва шиносоӣ бо таҷрибаи муосири идоракунии лоиҳаҳо, дар толори хурди донишкада семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Тарҳи лоиҳаҳои грантӣ» баргузор гардид.
Дар ҷараёни семинар масъалаҳои асосии таҳия, банақшагирӣ ва пешниҳоди лоиҳаҳои грантӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Бо назардошти таҷрибаи бой ва дастовардҳои назарраси Гурӯҳи ширкатҳои «Фаровон» дар ин самт, намояндагони он Гулсара Маҳмудова - сармутахассиси Дафтари лоиҳавии ширкат ва Осимхӯҷа Мирзоев - мутахассиси Дафтари лоиҳавии ширкат ҳамчун тренер дар семинари мазкур баромад намуданд.
Тренерон таҷрибаи амалӣ, маслиҳатҳои муфид ва намунаҳои воқеии лоиҳаҳои муваффақро бо иштирокчиён мубодила карданд. Ба иштирокчиён роҳҳои дурусти ташаккули идея, муайян намудани ҳадафҳо ва натиҷаҳои интизорӣ фаҳмонида шуданд. Ҳамчунин, ба масъалаҳои таҳияи буҷет ва ҷавобгӯ будани лоиҳа ба талаботи грантдиҳандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Қисмати амалии семинар ба иштирокчиён имконият фароҳам овард, ки донишҳои назариявии гирифтаи худро дар амал татбиқ намоянд.
Семинар дар фазои созанда ва фаъол баргузор гардида, аз ҷониби иштирокчиён ҳамчун чорабинии муфид ва саривақтӣ арзёбӣ шуд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО