ҶАШНИ САДА ПАДИДАИ ФАРҲАНГӢ ВА МАЪНАВИИ ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН
Ҷашни бостонии Сада ҳамчун ҷузъи муҳими мероси фарҳангии халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Пайдоиш, мазмун ва аҳамияти иҷтимоӣ фарҳангии ҷашни Сада бо ташаккули ҷаҳонбинии ниёгон, оинҳои кишоварзӣ ва унсурҳои табиатшиносӣ алоқамандии ногусастанӣ дорад. Сада ин на танҳо падидаи суннатӣ, балки воситаи муҳими ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арзишҳои маънавии ҷомеа мебошад. Дар таърихи фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон ҷашнҳои бостонӣ ҷойгоҳи хос доранд, ки яке аз онҳо ҷашни Сада аст. Ин ҷашни меросӣ бо сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ эҳё ва ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ шуд.
Аз давраҳои қадим то имрӯз Сада ҳамчун рамзи рӯшноӣ, гармӣ ва оғози омодагӣ ба баҳор ва кишту кор ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн решаҳои амиқи таърихӣ дошта, бо ҷаҳонбинии ориёинажодон ва ойинҳои қадимаи онҳо алоқаманд аст. Омӯзиши ҷашни Сада аз нигоҳи илмӣ барои дарки равандҳои ташаккули фарҳанги миллӣ, ҳифзи анъанаҳои мардумӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ аҳамияти бузург дорад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ, ҷашни Сада панҷоҳ рӯз ва панҷоҳ шаб пеш аз Наврӯз таҷлил мегардад. Номи «Сада» низ аз рақами «сад» бармеояд, ки ба ин фосила ишора мекунад. Дар осори мутафаккирони классикӣ, аз ҷумла Абӯрайҳони Берунӣ ва Абулқосими Фирдавсӣ, оид ба ҷашни Сада маълумоти арзишманд мавҷуд аст. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Сада ҳамчун ҷашни кашфи оташ ва пирӯзии нур бар зулмот тасвир ёфтааст. Мазмуни асосии ҷашни Сада бо унсури табиӣ оташ вобаста аст. Оташ дар фарҳанги бостонии тоҷикон ва ориёиён рамзи покӣ, гармӣ, рӯшноӣ ва ҳаёт маҳсуб меёбад. Фурӯзон кардани гулхан дар рӯзи Сада на танҳо як маросими суннатӣ, балки ифодаи эътиқод ба қувваҳои нек ва табиат мебошад. Ҷашни Сада ҳамзамон бо марҳалаи муҳими давраи кишоварзӣ алоқаманд буда, омодагӣ ба баҳор ва кишти навро ифода мекунад. Аз ин хусус, он ҷашни меҳнатдӯстӣ, умед ба зиндагӣ ва эҳёи табиати зинда ба шумор меравад.
Ҷашни Сада на танҳо як ойини куҳани ниёгон аст, балки дорои аҳамияти бузурги тарбиявӣ мебошад, ки имрӯз ҳам дар тарбияи шахсият, худшиносии миллӣ ва ахлоқи ҷомеа бахусус, ҷавонон нақши муҳим мебозад. Ҷиҳатҳои асосии тарбиявии ҷашни Сада ин тарбияи худшиносии миллӣ аст, ки дар асоси он тамоми арзишҳои ниёгон ташаккул меёбанд ва ба ҳаёти мо таъсири амиқи худро мерасонанд. Сада ҳамчун ҷашни бостонии ориёӣ ҷавононро ба шинохти таърих, фарҳанг ва суннатҳои ниёгон ҳидоят мекунад. Он ҳисси ифтихор аз миллат, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва пос доштани мероси фарҳангиро тақвият мебахшад. Ҷашни Сада ба оғози корҳои кишоварзӣ ва омодагӣ ба баҳор иртибот дорад. Ин ҷашн ҷавононро ба заҳматкашӣ, эҳтиром ба меҳнат, замин ва неъматҳои табиат тарбия мекунад.
Дар Сада унсурҳои табиат, бахусус оташ, рамзи рӯшноӣ, гармӣ ва зиндагӣ мебошанд. Ин ҷашн ҳисси масъулиятро нисбат ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ низ ташаккул медиҳад. Сада рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот аст. Ин ғоя инсонро ба некию накӯкорӣ, ростқавлӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекунад. Ҷашн бо ҷамъомадҳо, маросимҳо ва шодмонӣ баргузор мегардад, ки ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдилиро дар ҷомеа таҳким мебахшад. Дар ҷашни Сада одатан сурудхонӣ, рақсу оинҳои мардумӣ, ки завқи эстетикӣ, эҳсоси зебоишиносӣ ва муҳаббат ба санъати миллиро инкишоф медиҳад. Ин ҷашн ҷавононро ба шинохти қонунҳои табиат, тағйироти фаслҳо ва нақши инсон дар олам ошно месозад, ҷаҳонбинии илмӣ ва фалсафиро ташаккул медиҳад. Ҷашни Сада ҳамчун ҷашни фарҳангӣ-таърихӣ воситаи муҳими тарбияи миллӣ, ахлоқӣ, экологӣ ва иҷтимоии насли наврас аст. Эҳё ва таҷлили бошукуҳи он барои рушди ҷомеаи намунавӣ мусоидат менамояд.
Муҳайё Ҳотамова,
устоди ДПДТТ
ба номи академик М.С. Осимӣ
дар шаҳри Хуҷанд