ҶАЛАСАИ ВАСЕИ РАЁСАТИ ДОНИШКАДА БАРГУЗОР ШУД
Имрӯз дар толори донишкада бо иштироки ҳамаи устодон ҷаласаи васеи раёсати донишкада баргузор гардид.
Дар ҷаласа омодагӣ ба нимсолаи дуюми соли таҳсили 2025-2026, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба фаъолияти таълиму тарбия, илм ва муносибатҳои байналмилливу хоҷагидорӣ баррасӣ ва муҳокима гардид.
Директори донишкада зимни баргузории ҷаласа муовинони соҳавӣ, сардорони раёсату шуъбаҳо ва деканҳои факултетҳоро муваззаф намуд, ки дар заминаи татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаҳои тасдиқгардида бо масъулияти баланд амал намуда, барои беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ байни устодону донишҷӯён, тақвияти фаъолияти илмӣ ва омодагии ҳамаҷонибаи донишкада ба ба нимсолаи дуюми соли таҳсили 2025-2026 чораҳои мушаххас андешанд.
Бо қабули қарорҳои муҳим ва созанда ҷаласаи васеи раёсати донишкада анҷом пазируфт.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО