ВОХӮРИИ ДИРЕКТОРИ ДОНИШКАДА БО ДОНИШҶӮЁНИ ДАР ХОБГОҲ ИСТИҚОМАТКУНАНДА
Шоми дирӯз, санаи 25.01.2025. вохурии директори донишкада бо донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда баргузор гардид.
Зимни мулоқот бо донишҷӯён масъалаҳои омодагӣ ба нимсолаи дуюми соли таҳсили 2025-2026, риояи тартиботи дохилии хобгоҳ ва тоза нигоҳ доштани ҳуҷраи зист ва дигар масоили рӯзмарра муҳокима гардиданд.
Директори донишкада бо донишҷӯён дар мавзӯи таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, баланд бардоштани ҳиссӣ ватандӯстӣ ва пешгирӣ аз шомил шудан ба гуруҳҳои иртиҷоӣ, тарбияи меҳанпарварӣ, дӯст доштану давлату миллат, содиқ будан ба сарзамини аҷдодӣ суҳбати озоду ошкоро намуд.
Зимни мулоқот директори донишкада роҷеъ ба муаммову мушкилоти донишҷӯён пурсон шуда, ба масъулон ҷиҳати мусоидат барои ҳалли он дастуру супоришҳо дод.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО