АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ ДОНИШКАДА ДАР АРАФАИ ИДИ ҚУРБОН
Субҳи имрўз директори донишкада Хурсанд Содиқзода бо мақсади амалӣ намудани сиёсати инсондўстонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Иди Қурбон ба манзили як қатор собиқадорони донишкада, аз ҷумла номзади илмҳои химия Ҷаъфар Осимов ва номзади илмҳои филологӣ Ҳанифа Каримбоева рафта, эшонро аёдат намуд.
Директори донишкада зикр намуд, ки Иди Қурбон-ҷашни садоқат, покию равшанӣ, дӯстию муҳаббати байниҳамдигарӣ ба шумор рафта, аз фарҳанги ғании исломӣ сарчашма мегирад ва инсониятро ба шинохти ҳуввият ва асолату покӣ ҳидоят менамояд.
Дар ин хусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Иди саиди Қурбон дар қатори дигар маросиму ҷашнҳои милливу давлатии мо аз ҷумлаи суннатҳои эътиқодиву динии халқамон маҳсуб меёбад ва дар марҳалаи давлатдории навини миллиамон ҳамчун мероси пурарзиши фарҳангӣ гиромӣ шуморида мешавад”.
Боиси таъкид аст, ки дар чунин айём анҷом додани амалҳои неку писандида, ба ҳамдигар дароз кардани дасти хайру саховат, гирифтани дасти ниёзмандон, ятимону маъюбон ва муҳтоҷону камбизоатон аз суннатҳои неки Иди саиди Қурбон ба шумор рафта, барои таҳкими дӯстию рафоқат, меҳру муҳаббат, рушду ободии Ватан ва осоиши ҳар хонадон мусоидат мекунад.
Аёдатшудагон, собиқадорони донишкада, номзади илмҳои химия Ҷаъфар Осимов ва номзади илмҳои филологӣ Ҳанифа Каримбоева, ки солҳои зиёд дар пешбурди фаъолияти таълимию илмӣ ва тарбиявии донишкада заҳмат кашидаанд, аз ин иқдому таваҷҷуҳ болида гашта, ба роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати дастгириҳои доимӣ ва ғамхориҳои пайвастаашон миннатдории худро изҳор намуданд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО