Неругоҳи барқии обии “Роғун” яке аз бузургтарин иншооти энергетикии Тоҷикистон мебошад, ки баробари ба фаъолият оғоз кардан дар кишварамон истиқлолияти энергетикиро таъмин менамояд.

Ниҳояти дурандешӣ ва оқилии Пешвои муаззами миллат аст, ки тавонистанд, собит намоянд, бунёди неругоҳи барқии обии “Роғун” на  танҳо аҳамияти ҷумҳуриявӣ, балки аҳамияти минтақавӣ низ дорад.

Аз ин лиҳоз, як чанд паҳлӯҳои  қудрати НБО– и “Роғун” –  ро тасдиқ  менамоем:

1.НБО– и “Роғун”  Тоҷикистонро ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ расонида, онро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ мебахшад.

2.Зарфияти пурраи ин нерӯгоҳ 11,8 ва фоиданокиаш 8,6 мукааб километр буда, дар он об сарфакорона ҷамъ гардида, безарар ба турбинаҳои неругоҳ ба поён ҷорӣ мегардад. Яъне, дар ин неругоҳ об ҳамчун манбаи таҷдиди энергия хизмат менамояд, вале худ сарф намегардад. Аз ин лиҳоз, барқи тавлиднамудаи он аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар мебошад.

  1. Бунёди ин неругоҳ имкон медиҳад, ки новобаста аз фасли сол, ҳама силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш бо иқтидори пурра фаъолият намоянд. Ба туфайли бунёди ин неругоҳ самаранокии фаъолияти силсиланеругоҳҳои рӯди Вахш ҳамасола дар маҷмӯъ аз 0,7 то 1,1 млрд.кВт* соат энергия меафзояд.
  2. НБО– и “Роғун” дар баробари таъмин намудани истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон, инчунин, барои густаришёбии самтҳои дигари иқтисодиёти минтақа заминаи мусоид фароҳам меоварад. Ба туфайли бунёди он 320 ҳазор гектар заминҳои кишварҳои поёноб (аз ҷумла, Ӯзбекистону Туркманистон) шодоб шуда, ҳолати мелиоративии зиёда аз 4 млн. гектар заминҳои кишварҳои поёноб дар маҷмӯъ беҳтар мегардад.
  3. Бунёди ин неругоҳ дар минтақаи Осиёи Марказӣ талаботро ба энергияи ҳароратӣ як дараҷа коҳиш медиҳад.
  4. Неругоҳ натанҳо дар ҳудуди Тоҷикистон, балки дар минтақа зарурати сохтани неругоҳҳои хурдро аз байн мебарад.
  5. Ин неругоҳ ҳадди ақали талаботро ба неруи барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ таъмин менамояд.
  6. Неругоҳи мазкур на танҳо ширкати “Алюминийи тоҷик” –ро ба барқ пурра таъмин менамояд, инчунин, барои ташкили комплекси агросаноатии қисмати ҷанубии Тоҷикистон имкониятҳои мусоид фароҳам меорад.
  7. Таҳлилҳои илмӣ собит менамоянд, ки обанборҳои дар кӯҳсор бунёдшаванда назар ба обанборҳои дар ҳамвориҳо бунёдшаванда 5 – 10 маротиба камтар заминҳои корамро фаро гирифта, қимати баланди иқтисодӣ доранд.
  8. Натиҷагирии корҳои илмӣ аз он башорат медиҳанд, ки ин неругоҳ як дараҷа барои пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ, бахусус обхезиҳо, дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он тарҳрезӣ гардидааст.
  9. Тибқи андешаҳои олимон ҳар гуна олудаҳои обовард дар ин обанбор такшин мешавад, ин омил боиси таъмини фаъолияти дуру дарози дигар силсиланеругоҳҳои ин рӯд мегардад.
  10. Ин неругоҳ дар баробари хусусияти ирригатсионӣ– энергетикӣ ва энергетикӣ – ирригатсионӣ доштан, инчунин қимати баланди иқтисодӣ дар самти рушди туризм дорад.
  11. Ба туфайли бунёди неругоҳи мазкур 75% –и заминҳои вилоятҳои Хатлону Суғд ба таври худҷоришаванда обёри мегарданд.
  12. Батанзимдарории муназзами маҷрои об дар ин неругоҳ имкон медиҳад, ки 6,7 км куб оби захирашаванда на танҳо барои истеҳсоли неруи барқ, инчунин, дар мавриди зарурӣ барои қонеъ намудани талаботи кишварҳои поёноб низ истифода гардад.
  13. Ин неругоҳ имкон медиҳад, ки маҷрои об дар ҳавзаи Амударё ба таври самараноку оқилона идора ва истифода бурда шавад.

Агар бо чунин далелу андешаҳо қимати ин неругоҳро натиҷагирӣ намоем, он гоҳ маълум мегардад, ки дар ҳақиқат, арзиши об аз нафт, газ, ангишт ва дигар навъҳои сӯзишворӣ камтар нест. Аз ин рӯ, НБО– и “Роғун”  иншооти ҳаётан муҳими стратегии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

                          

                                              Ҳоҷиев А.А., дотсенти ДПДТТХ