Шуруъ аз солҳои навадуми кишвар ман ёд надоштам, ки дар кишвари офтобии мо минг ё ба истилоҳоти имрӯза тазоҳуроте шуда бошад. Чунки барои тазоҳурот асосе ҳам набуд. Зеро сокинони кишвар аз минтингбозиҳои солҳои навадуми қарни  гузашта, ки кишвари моро ба ду қисмат майдонҳои «Озодӣ» ва «Шаҳидон» ҷудо намуда буданд, хаста шуда буданд. Маҳз тавассути хиради азалӣ,  мардумсолориву пурсабрии сокинон таҳти роҳнамоии Сарвари давлат ба ин гуна нофаҳмихо хотима бахшида шуда, ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ ба саҳифаи таърих рафт.

Хабари тазоҳуроти дирӯзаро, ки дар назди сафоратхонаи Эрон як гурӯҳ сокинон ташкил кардаанд, ба хотирам ноамниҳои солҳои навадум омад. Ба дил гуфтам, ки Худо накунад ин ангезаи тазоҳурот доман паҳн накунад. Чун аз моҳияти аслии тазоҳуроткунандагон огаҳӣ ёфтам, ростӣ ошуфтахотир ҳам шудам ва як андоза ин нафаронро тарафгирӣ ҳам мекунам. Охир чаро накунанд, дар ҳоле, ки аксаран бо дарди ботинии худ маҷбур шудан даст ба тазоҳурот зананд. Чун имрӯз ба авзои сиёсии ҷаҳон менигарем, чандин давлатҳо  бозичаи дасти абарқудратҳо ва ҳизбу гурӯҳҳои мухталиф шуда истодаанд. Он ободию пешрафти кишвари мо мусаллам аст, ки барои нафарони сияҳдил амсоли гурӯҳҳои 24, «Озодандешон» ва ҳизби ифротию террористи ҳизби наҳзати ислом писанд нест. Ва ин нафарон ҳамвора аз «таги нохун чирк кофта», ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор медиҳанд, ки Тоҷикистон барои рақибонаш имконият намедиҳад. Дар «Паёми рамазони»-и худ Кабирӣ худро мусичаи бегуноҳ ҳисобид ва ин суханони ӯро ҳамсӯҳбаташ Алим Шерзамонов ислоҳ намуд. Ба гуфти Кабирӣ «Шаҳидоннишастагон» аъзои ҲНИ набуданд, аммо воқеияти ҳол, гузашти таърих ва худи майдоннишинҳои «Шаҳидон» иқрор шудаанд, ки онҳо фаъоли ин майдон буданд ва ҳадафшон бунёди ҷомеаи фундаменталии динӣ буд.

Акнун меоем ба сари тазоҳуроткунандагон онҳо маҳз баҳри он дар назди сафоратхонаи Эрон сарҷамъ шуданд, ки ҷониби Эрон Кабирӣ ва ёрони ӯро дигар дастгирӣ накунанд. Зеро онҳо тухми низову нифоқро миёни мардум кишта истодаанд. Маҳз таблиғгарони ҲНИ ва дигар ба қавле «шайка» - ҳои онҳо аст, ки имрӯз ҷавонон ба таассуб гирифтор шуда, роҳ ҷониби Сурияву Ироқ ниҳодаанд. Маҳз таблиғоти нодурусти онҳост, ки ҷавонони гумроҳ бар ивази чанд динори хоҷагони беруна имрӯз дар давлатҳои Аврупо бар зидии миллати худ шиорпартоӣ мекунанд. Маҳз Кабириву ёронаш аст, ки имрӯз робитаи ҳасанаи ду давлати ҳамзабону ҳамҷавор чандон мисли солҳои пешин қавӣ нест.    

Маро ҳолати падарону модарони даст ба тазоҳуротзада ба риққат овард. Онҳо ҳақ доранд, ки сабабгорони асосии гумроҳии фарзандонашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Бояд Кабирӣ ва он гурезаҳо таҳти диктовкаи хоҷагони худ нагардида, мардона ба гуноҳҳояшон иқрор шаванд.   

 Қайд кардан лозим аст, ки ҷомеа аз таърихи начандон дури ҷанги бародаркуш бохабар аст ва  баҳри такрор наёфтани ин ҳодиса кӯшишу ғайрат мекунанд ва ҳеҷ гоҳ пойбанди мафкураҳои берунӣ  барои вайрон кардани ҷомеа ва давлат нахоҳад шуд. Баръакс, баҳри осудаҳолӣ, тинҷиву амонии кишвар кӯшишу ғайрати хешро дареғ намедорад.    

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд