Имрӯзҳо аз саҳфаҳои интернет хабари таъсис ёфтани анҷумани бо ном озодандешони тоҷик дар Венаро хонда, боз воқеаҳои солҳои гузашта- қатлу куштор, хунрезӣ, бехонаю дарӣ, дур аз Ватан,  дур аз зану фарзанд пеши назарамон ҷилвагар шуд.

Мо аз воқеаҳои сиёсӣ, найрангбозиҳои як гурӯҳ мансабталошон ва ҳодисаҳои фоҷеабори солҳои гузашта дарсу сабақ омӯхтем, шукри онро мекунем, ки имрӯзҳо дар замони тинҷу ором, дар ҳалқаи ёру дӯстон ҳаёт ба сар бурда истодаем.

Шахсоне, ки ин анҷуманро дар хориҷи кишварро таъсис додаанд, ҳамон аъзоёни иғвогару мансабталошони пасмондаи ТЭТ ҲНИТ мебошанд.

Номуҳтарамоне мисли Алим Шерзамонов, Темур Варқӣ,  Равшан Темуриён, Саидюнуси Истаравшанӣ, Ҳаким Раббимпур ва Аюб Эгматов шумо дар интернет сабт намудаед, ки «Мо, ҷамъе аз фаъолони тоҷик, бо дарки  буҳрони  амиқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва фасоди густурдаи идорӣ ва ноадолатиҳои  иҷтимоӣ, ки  бар  фазои ҷомеаи мо соя  афканда, боиси  эҷоди  хушунат ва  бадбинӣ  дар тамоми  сатҳҳо  гардида, якпорчагии миллат, тамомияти  арзӣ, Истиқлоли давлатдории Тоҷикистон ва сабти  минтақаро таҳдид мекунад,  «Анҷумани озодандешони тоҷик»-ро таъсис додем».

Якум, ин ки шумо фаъолони тоҷик нестед, шумо хоинони миллат ва давлати тоҷиконед, аз дур истода худро дӯсти миллату Ватани азизамон Тоҷикистон меҳисобед. Миллат гуноҳи шумою шумобаринҳоро ҳеҷ гоҳ намебахшад.  Агар фаъолони миллат мебудед, дар ватан софдилонаю содиқона хизмат намуда, дар рушду нумуи Тоҷикистон ҳисса мегузоштед.

Дуюм, ин ки дар Тоҷикистон сулҳу озодӣ, ваҳдату ягонагии том пойдор аст, корҳои созандагию бунёдкорӣ пайваста авҷи тоза гирифта, дар баробари боигарии моддӣ фазои маънавии мардуми кишварамон низ беш аз пеш ғанӣ гашта истодааст, ҳама тинҷу ором бо меҳнати софдилона ба халқу Ватан хизмат намуда, дар зери осмони софу беғубор ҳаёт ба сар бурда истодаанд.

Мо ҳамеша мекӯшем, ки бо меҳнати софдилона, дасту дили пок ба Ватанамон – Тоҷикистони азиз хизмат намоем ва Ватанамонро ободу зебо гардонида, иқтисодиёти ҷумҳуриро баланд бардорем ва ба шумо барин «фаъолони тоҷик», ки фаъолиятонро дар хизмати бегонаҳо мебинем ва дар хиёнат, ниёз надорем.

Сеюм, ин ки мо аз таҳдидҳои худатону хоҷагонатон наметарсем. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дарҳои бозро пеш гирифта, бо зиёда аз 140 давлати дунё робитаи сиёсӣ, илмӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дорад. Имрӯз Тоҷикистон Артиши миллии пурқуввате дорад, ки марзу буми хешро муҳофизат мекунад.

Чорум, ин ки дар хориҷи кишвар, яъне Австрия таъсис ёфтани анҷумани бо ном озодандешони тоҷик барои мо тоҷикон ягон ҷои тарсу ҳарос нест. Имрӯзҳо дар кишвари мо 7 ҳизби сиёсӣ ва даҳҳо созмонҳои сиёсию ҷамъиятӣ фаъолият доранд, барои диндорон дари масҷидҳои исломию насрониву яҳудиву буддоӣ кушода аст, мардум озодона ибодатҳои худро мегузаронанд.

Панҷум, ин ки ташкилоти шумо ташкилоти озодандеш нест, ин ном- «Анҷумани озодандешони тоҷик» барои ибтидо гузоштани дасисаву найрангҳои навбатист. Гурӯҳбозию анҷумансозӣ то ба кай? Вақте дар байни ҳамватанону ҳамзабонони худ қадру эҳтиром пайдо накардед, дар Австрия низ ба ягон мартабае нахоҳед расид. Чунки мақоли халқӣ аст, ки «Худиро ганда кардӣ, меҳри бегона мепарад». Ба чанд пул шумо- «озодандешон» Ватану марзу буму миллати хешро фурӯхтед?  

 Имрӯзҳо мардуми сарбаланди тоҷик аз боду ҳавои Истиқлолият баҳра бурда, сиёҳро аз сафед, хубро аз бад, ҳақро аз ноҳақ,  дӯстро аз душман фарқ карда метавонад. Мо намехоҳем дар арсаи ҷаҳолат монем. Ин озодӣ, ин тинҷию амоние, ки ба мо муяссар гардидааст, шукрона мекунем. Шукрона аз он мекунем, ки мо давлат дорем, шукрона аз он мекунем, ки миллатамон  истиқлолияти комил ба даст овардааст.

Мо намегузорем, ки нохалафе ҷавонони кишвари азизи моро ба доми худ кашида, сарзамини биҳиштосо ва вазъи орому осудаи моро ноором созад.

Имрӯз мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба қадру манзалати истиқлолият ва давлатдории мустақилона расем, худро ҳамтақдир ва ҳаммароми  миллати хеш донем ва аз неъмати  бузурги Ватану ватандорӣ  ифтихор  намоем

ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд