Дар замони муосир, ки рушди технологияи иттилоотӣ рӯз аз рӯз  вусъати беш меёбад, бояд ба тарбияи насли наврас диққати хосса дод. Онҳо бояд аз решаронии  падидаҳои  номатлуб,  аз қабили ифротгароиву экстремизми динӣ, терроризми байналҳалқӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар падидаҳои номатлуб дар ҷомеаи  иттилооти амиқ ва огаҳӣ дошта бошанд. Ҷавононро мебояд, ки дар тафаккури худ арзишу оқибати ин рушди иҷтимоии замони муосирро дарк карда , баҳо дода тавонанд. Дар телевизион ва нашрияҳо бисёр мисолҳо оварда мешавад, ки гумроҳии баъзе ҷавонон дар ин падидаҳои номатлуб ба чӣ оварда расонд, яъне оқибаташ ба куҷо мебарад?

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз Тоҷистони азизамон дар давраи истиқлолият аз ҷиҳати иқтисодю иҷтимоӣ ва тинҷиву оромӣ  рушд карда истодааст, ки мо бояд ин ҳолати беҳтарини ватани ҷоноҷонамонро  эҳтиёт намоем ва дар оянда сайқал диҳем. Барои ба мақсадҳои ниҳоии худ расидан ҷавонон бояд донад, ки мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ равона буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатӣ мебошад. Имрӯз дини мубини исломро як гурӯҳи манфиатҷӯён на ҳамчун арзиши диниву ирфонӣ ва эътиқодӣ муаррифӣ мекунанд, балки ин дини покро  ба сиёсат омезиш дода,  бо ҳар гуна фатвои беасос медиҳанд. Барои  ба мазмуни ин масоил расидан  бояд дар бораи мавҷудияти се ҷараён дар   исломи муосир маълумот дошта бошем:

- ҷонибдорони ҷараёни аввал мӯътақиди секуляризм, зидди сиёсишавии ислом ва аз давлат ҷудо будани дин ҳастанд. Дар айни замон онҳо ҷонибдори риояи одобу ахлоқи динӣ, фармудаҳои Парвардигор (иҷро намудани шариат) мебошанд.

- ҷонибдорони ҷараёни дуюми ислом зидди ҳамагуна навовариҳо дар дин мебошанд, онҳо мардумро ба ҳифз намудани тартибу низоми динии асримиёнагӣ, ба сабру таҳаммул даъват мекунанд.

- ҷонибдорони ҷараёни сеюми дини ислом  мақсади ислоҳ намудани  оини диниро дар назди худ гузоштаанд, онҳо ба худ номи «фундаментализми исломӣ»-ро гирифтаанд. Ҷонибдорони ин ҷараён аз тартибу низоми мавҷудаи давлат  норозӣ мебошанд, баҳри тағйир додани низоми давлатӣ мекӯшанд. Ҳадаф доранд, ки тамоми ҷомеаи мусулмонон аз рӯи тартиботи динии солҳои аввали зуҳури ислом амал намоянд, риояи ҳатмии аркони Шариат ва аҳкоми динӣ пешаи худ қарор диҳанд. Аз ҷониби фундаменталистон қонунҳои воқеии давлат инкор карда мешавад.

Яке аз намудҳои фундаментализми сиёсӣ «Ваҳҳобия» ба шумор меравад. Ваҳҳобия  аз одобу ахлоқи динӣ ба ақидаҳои сиёсии динӣ гузаштанро таблиғ мекунад. Он  бо роҳи зӯроварӣ соҳиби ҳокимият гаштани мусулмонони «ҳақиқӣ»-ро тарғиб мекунад.  

Мутаасифона, имрӯзҳо дар ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳар гуна гурӯҳҳои иртиҷопараст пайдо шудаанд,  онҳо дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа  низоъ меандозанд, бо фундаментализми исломиву ифротгароӣ, экстремизм таҳдид мекунанд, кӯшиш мекунанд, ки боварии мардум ба давлати дунявӣ коста гардад, ба ваҳдату ягонагии мардум рахна ворид кунанд, низои байни миллату халқиятҳоро барангезанд. Зери ниқоби ислом амал намуда, бо ёрии гурӯҳу шахсиятҳои ғаразнок дар байни мардум ақидаҳо ва адабиёти хусусияти ифротгароӣ доштаро паҳн мекунанд.

        Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид ба таъкид изҳор медоранд, ки дар атрофи ғояи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол- Ватани маҳбуби мо муттаҳид намудани тамоми гурӯҳҳо ва қишрҳои ҷомеаи кишвар ҳадафи мо мебошад. Дар ин ҷо асос ҳамин Ваҳдат аст, ки миллати тоҷикро худшиносию таҳаммулпазирӣ ба хушбахтию саодат хоҳад овард.

         Аз ҷавонон хоҳиш дорам, ки арзандагиҳо миллати тоҷикро чуқур дарк намоянд ва аз ин падидаҳои номатлуб фаҳмиш амиқ дошта бошанд, то ки ба роҳи рости покин раванд, аз каҷу килебҳои ҳаёт худро канор кашанд ва бо ин равияҳо мубориза баранд.   

Назаров А.А. , д.и.и., профессор, устоди ДПДТТ