Ин навбат қаҳрамони саҳифаи “Созандагони Ватан”-и нашрияи мо  ҷавони ватандӯсту меҳанпараст, яке аз мутахассисони пешсафи Суғдзамин  Исфандиёр Рофиев аст. Гуфтан ба маврид аст, ки маҷмӯи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳаёти ҷомеа пеш аз ҳама  инъикоси равшан ва воқеии худро дар фаъолияти ҷавонони кишвар пайдо мекунад. Зеро ҷавонон қувваи таъсиргузори ҷомеа маҳсуб меёбанд.  Дар ҳама давру замон ҷавонони тоҷик парчамбардори давлату миллати хеш буда, чун нерӯи ояндасоз дар фазои сиёсии кишвар мавқеи сазовор доранд.

Дар радифи чунин ҷавонони парчамбардору меҳанпараст метавон Исфандиёр Рофиев ном бурд.  Мавсуф  16 феврали соли 1999 дар ноҳияи Деваштич дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Хатмкардаи мактаби №53-и “Истиқлол”-и шаҳраки Деваштич мебошад. Идомаи таҳсилашро дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дохил шуда, онро бо тахассуси муҳандис-механик аз рӯи ихтисоси “Хизматрасонии автомобилӣ” хатм кардааст. Аз рӯи барномаи ERASMUS+    ба Ҷумҳурии Латвия ҳамчун донишҷӯи мобилӣ ба мӯҳлати 5 моҳ сафар кардааст. Ба зиёда аз 11 давлати Аврупо сафар намуда, донишу малакаи худро такмил додааст. Донандаи забонҳои русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ мебошад. Ҳоло ба ҳайси мутахассиси шуъбаи “Робитаҳои хориҷӣ ва идораи лоиҳаҳо” дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд  фаъолият бурда истодааст.

Доир ба фаъолияту нақшаҳои минбаъдаи Исфандиёр Рофиев як сӯҳбате доштем, ки фишурдаи онро манзури хонандагони “Сухани халқ”  мегардонем:

-Дар аввал мехостам, нуқтаи назари Шуморо доири эълон шудани солҳои 2020-2040 оиди рушди фанҳои техникӣ фаҳмида бошам?

Пешвои муаззами миллат дар вохӯрии хеш бо зиёиёну кормандони соҳаи илму маориф таъкид намуда буданд, ки: «Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад». Замона замонаи техника мебошад. Қариб ҳамарӯза ҳаёти мо аз техника иборат мебошад. Хуб мешуд, ба ин самт аҳамияти ҷиддӣ диҳем. Зеро техникаю технология меҳнатнокии моро камтар намуда барои босамар истифода бурдани вақтамон мусоидат менамояд. Ҷавони асри 21 бояд пеш аз ҳама, соҳибилм, бомаърифат ва бо донишу маърифати технологӣ мусаллаҳ бошад. Эълон шудани солҳои 2020-2040 оиди рушди фанҳои техникӣ аз тарафи Пешвои миллат саривақти буда, барои мо ҷавонон шароит фароҳам меорад, то донишу малакаи худро боз ҳам такмил дода аз ин имкониятҳои фароҳамоварда самаранок истифода барем.

-Хабар ёфтем, ки ба наздики аз сафар баргаштем, таассуроти шумо аз ин сафар чӣ гуна аст?

Ҳамаи ин муваффақиятҳову дастгириҳо албатта аз тарафи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Аз рӯи барномаи   ERASMUS+    ба Латвия сафар доштам. Бо маданияти Аврупо, самти нақлиёту роҳсозӣ ва системаҳои хизматрасонии давлати Аврупо аз наздик шинос шудам.  Таассуроти бисёр хубе аз ин сафар дорам. Зеро маҳз ин барнома сабаб шуд, ки аз 11 давлати Аврупо дидан кунаму ҷаҳонбинии худро васеъ намоям. Дӯстони зиёде аз хориҷӣ кишвар пайдо намудам.

- Ҷавонони имрӯза чӣ гуна дидан мехоҳед?

Ватандӯст. Аз ҷавонон ва ҳамсолонам даъват менамудам, ки  дар  аввал Ватани худро  дӯст доранд. Ҳеҷ гоҳ ба ин марзу бум хиёнатро раво набинанд. Забонҳои хориҷиро аз худ намуда донишу малакаи худро баланд бардоранд. Зеро маҳз донистани забон барои мо тамоми дарҳои ояндаи зиндагиамонро мекушояд.

-Нақшаҳои минбаъдаи Шумо?

Нақшаҳои минбаъдаи ман бисёранд. Дар аввал мехоҳам он донишу малакае, ки аз Аврупо омӯхтам дар донишкада истифода барам. Тоҷикистони азизамро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намудану парчами Тоҷикистонро баланд бардоштан мақсади асосии ман маҳсуб меёбад.

-Дурнамои Тоҷикистонро чӣ гуна дидан мехоҳед?

Давлати пешрафтатарин дидан мехоҳам. Барои ин бояд мо ҷавонон муттаҳид бошем, аз як гиребон сар баровада баҳри пешрафти Ватани азизамон саъю кӯшиш намоем. Ояндаи миллатро ба мо ҷавонон бовар намудаанд.  Аз ин лиҳоз барои насли оянда  Ватани ободу зеборо ва сулҳу суботи сиёсии пойдорро бояд ба мерос гузорем.