Мо, ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хушбахту хуштолеъ, давомдиҳандагони анъанаҳои бузурги гузаштагони зиндадили хеш ва пайрави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Раиси муаззами Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , бунёдкору созанда, ҳомии марзу буми кишвар ҳастем.

Арҷгузор ҳастем, ки  бо ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017- Соли ҷавонон эълон гардида буд.

Мо нерӯи ҷавонии хешро баҳри ҳифзи баланди милливу фарҳангӣ, арҷгузорӣ ба пояҳои давлатдории миллӣ равона хоҳем кард. Пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор дорем, барои ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии марзу буми Тоҷикистон омода, сарсупурда ва ҷонфидои он хоҳем монд.

Мо ҷавонон намегузорем, ки ҷаҳонишавӣ ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги маънавии миллати соҳибтамаддуни тоҷик таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ мо ҷавонон, дар муқовимат ба ҳама гуна ҳаракатҳои ифродӣ буда, намегузорем ба хоки покумуқаддаси Тоҷикистон ягон нохалаф мисли солҳо 90-и асри гузашта, тухми ҷангу ҷидоӣ, куштору сӯхтор пушад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки : « Оқибатҳои даҳшатбори экстремизм ва терроризм боиси харобии чандин кишварҳо ва ҳалокати садҳо ҳазор  одамон шуда, миллионҳо нафари дигарро бе ватан, бе манзили зист ва бе ҷою макон кардаанд.

Мубориза ба муқобили ин хатар на танҳо вазифаи давлат ва ҳукумат аст, балки барои пешгирии ин зуҳурот тамоми ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматӣ бояд фаъол бошанд”.

Чунин эътимод ва вазифагузорӣ мо  ҷавононро водор месозад, ки роҳи нодуруст пеша кардани як зумра ҷавонон, ки эктремизм ва терроризмро воситаи ҳалли масъала эътироф намуданд ва онҳо на танҳо исломро дар назди динҳои ҷаҳони сиёҳ мекунанд, балки тамаддуни волои исломро аз истифодаи усуҳои ақлонии рушд, ки воқеан дорои захираи ғании воситаҳои инкишофи маърифатӣ буда, имкони интихоби роҳи одилонаю оқилонаи ҳамкорию рушдро дар муқобили тамаддунҳои дигар дорост маҳрум месозанд, инкор карда, ҷавононро ба роҳи ҳақиқат сафарбар намоем.

 Мо ба ҳамсафони худ таъкид мекунем, то донанд, ки ифротгароӣ дар заминаи дини мубини ислом пайдо шуда, он пеш аз ҳама   барои паст кардани нуфузи ислом дар олам ва зина ба зина барои аз байн бурдани давлатҳо ва дини мубини ислом фаъолият мебарад.

 Бояд ҳар як ҷавон донад, ки «Экстремизм  (ифротгароӣ) ин изҳори фаъолияти ифротии шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ,  дигаркунии сохти конститусионӣ, ғасби ҳокимият, ангезонидани нажотпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад».

  Зери мафҳуми «терроризм» содир намудани таркиш, сўхтор, тирпарронӣ, расонидани зарари ҷиддӣ ба амвол, халадор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва тарсонидани аҳолӣ фаҳмида мешавад.

 Дар дунё беш аз 500 созмонҳои ифротӣ амал мекунад. Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  17-ташкилотҳо ҳамчун  террористӣ ва экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияти онҳо дар қаламрави Чумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Дар сафи пеши гурўҳҳои ифротгароӣ қабл аз ҳама иттиҳоди ҷиноии эктремистию террористии «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ҳаракати исломии Ўзбекистон», «Салафия», «Ансоруллоҳ», «Давлати Исломӣ», «Ҷабҳат-ан-Нусра», «Ҳаракати исломии Туркистон», «Ҷамоати Таблиғ», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» қарор дошта, намояндагони онҳо дар ҳудуди шаҳру деҳоти Тоҷикистон ба тарғиби ғояҳои ба мардуми мо бегона машғул мебошанд.

 Албатта ба мо ҷавонон аламовар аст, ки парвардаи ин хоку табиати афсунгар аз нияти нопоки хоҷагонашон ноогоҳ ба даст яроқ гирифта ба сўи мусулмонони дигар оташ мекушоянд ё тақдири  худро дидаву дониста ба доми марг ҳаво медиҳанд.

  Ҳарчанд фарҳанги тамаддунсози дини мубини ислом мусулмононро ба накукорӣ, таҳаммулпазирӣ ва адлу инсоф ҳидоят мекунад, аммо якзумра ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсил карда  ба даҳони хоҷагони хунталабу манфиатҷўи худ нигариста ба таблиғи ғояҳои бебунёди равияҳои тундрав машғул шуданд, ё ба задухурдҳои давлати ба ном исломӣ пайваст гардиданд.

Мо ба ҷавонон таъкид мекунем, ки маблағҳои афсонавие, ки ин ё он шахс ваъда медиҳад дурўғ аст ва он ба ҷон бохтан оварда мерасонад.

  Бетарафӣ дар самти пешгирии равияҳои ифротӣ, хиёнат ба ватан, миллат, дину диёнат, худову расул аст.

  Рушди илм, маориф, технологияи муосир ҳунар ва санъати асил метавонад, пеши роҳи экстремизм ва терроризмро гирад.

Ифротгароӣ,  як шакли ваҳшоният буда, ҳар як шаҳрванд бояд донад, ки  мақсади онҳо на ҳимояи дини мубини ислом балки, бо роҳи зўрӣ ва ҷанг ҳудуди мамлакатҳои мусулмоннишинро ғазб карда, мардумашро ғулом ва сарваташро ба хоҷагони абарқудраташон дастрас гардонанд. алби ҷавонону наврасон ба корҳои ҷамъиятӣ, ба созмонҳои ҷавонон, иттиҳодияҳои касбӣ, иттифоқҳои касаба, ҷамъиятҳои варзишӣ, кўҳнаврадӣ ва амсоли ин ба сатҳи пешгирӣ метавонад таъсир расонад. Раисони маҳаллаҳо, Ҷамоатҳо, роҳбарони ҷомеаҳои меҳнатӣ ба хусус роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дар ин самт бояд фаъолтар бошанд.

  Барои ҳифзи амнияти кишвар ҳамеша дунявиятро пеш гузорем. Арзишҳои миллӣ ва давлатӣ ҳамеша аз арзишҳои динӣ боло гузошта шаванд. Даҳшатҳое, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буданд ба ҷавонон фаҳмонем. Ҷавонон ба  омӯзиши илму ҳунар, касбу технологияи муосир ба роҳи маънавият ҳидоят карда шаванд.

 Либоси миллӣ дар тан ҷавшан аст.  Аз тақлид ба либоси бегона ғояҳои ғаразнок паҳн мегардад. Аз ин рӯ ҳамарӯза таъкид намоем, ки занону модарон ба либоси миллии худ, ба анъанаҳо ва суннатҳои гузаштагони худ содиқ монанд.

-   Омили муҳиму коҳишдиҳандаи иштироки шаҳрвандон дар ҳаракатҳои ифротӣ ва муқовиматҳои мусаллаҳона дастгирии сиёсати хирадмандонаи Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъмини иҷрои  “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020”  аст.

   Мо ҷавонон нерӯи бузург буда, метавонем ва   қодирем садди роҳи  экстремизм ва терроризм бошаем

    Муҳаббат ба Ватан, ба давлату давлатдорӣ, ба Пешво ва ояндасози миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонад шаҳрвандонро аз ҳама гуна роҳи хато боз дорад.  

  Роҳи мо роҳи илму маърифат, омӯзиши технологияи муосир , роҳи озод, роҳи маънавӣ, бунёдкорӣ,  навъоварӣ ва созандагӣ аст. Роҳи озод аз таассуб ва хурофот, роҳи озод аз ифроту тундгароӣ. Ҳабибу рақиб ва табиби мо ба ҷуз мо каси дигаре нест.

   Ҷамшед Масаидов, раиси созмони ҷавонони ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд