Албатта дастовардҳое, ки мо имрӯз аз баракати мустақилият ба даст овардаем, осон ба даст наомадааст. Сари ҳар қадам ҳадафи манфиатҷӯёни беруна қарор гирифтаем, ки дар амалҳои бадхоҳонаамон ҳатман  фарзандони худфурӯшу хиёнаткори миллати худамонро истифода  бурданду доранд ва  мебаранд.

Баъзе диндорони бадкирдор бо ниқобҳои дини  мубини ислом ва ибораи «Аллоҳу акбар» аз даврони истиқлол ва озодии дину  виҷдон истифода бурда, кӯшиш намуданд нияту мақсадҳои ифродгарона ва разилонаи худро амалӣ намоянд, мардуми гумроҳро бероҳа намоянд ва бо маблағҳои зиёд ва фикру ақидаҳои пасти худ онҳоро шомили худ гардонанд. Ин ифротгарони динӣ дар ҳеҷ давру замон наметавонистанд ва имрӯз ҳам наметавонанд, мардумро ба инсондӯстӣ, мардумписандӣ, эҳтироми якдигар расонанд. Танҳо фарҳанг метавонад омили муттаҳидкунанда бошад. Меъёри фарҳангу дониш ҷуръат ва ҷасорат аст.

Дар ибтидои асри XXI ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хатари ҷиддие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд, рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризм мебошад.

Албатта, онҳое, ки мегӯянд, терроризм падидаест, ки инсониятро дар тӯли таърихи мавҷудияти ҳамроҳӣ намуда омадааст, беасос нест.

Терроризм ва экстремизм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама мебошад. Истилоҳи терроризм аз калимаи лотини «terror» гирифта шуда, маънояш тарс ва ваҳм аст.

Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, холофату зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менавистанд.

Маънои калимаи «экстремизм» чист ва он чӣ гуна падида аст? Экстремизм аз калимаи франсузии «extremisme» ва лотинии «extremus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кадан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Эсктремизм шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар  тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Дар замони мо ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое фаъолият доранд, ки кӯшиш мекунанд мақсаду маром, щояву  андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ месозанд.  Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи  мо ба амал меояд.

Пешвои муаззами миллат дар бораи терроризм ва экстремизм гуфтаанд:

Терроррист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани худову бандагони ӯст. Барои бартараф намудани чунин андешаю гумонҳои радикалӣ, экстремистӣ ва террористӣ бояд дар  ҳамбастагии зич мубориза барем, чунки ин гуна  нурӯҳо аз номи ислом  амал намуда, номи неки онро дощдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои исломиро пиёда месозанд.

Мо низ ҷавонон ҳаматарафа суханҳои  Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тарафдорӣ ва дастгирӣ намуда ҳамеша  бар зидди чунин падидаҳои номатлуби замона амал мекунем ва чун ҷавонони созанда ва бунёдкор ваъда медиҳем, ки дар  гул-гул шукуфонии ватани азизи худ кӯшишҳо ба харҷ медиҳем ва ба бовари Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор мешавем.

 

Исроилов Далатҷон

Гурӯҳи 1_40.01.01та