Аз муҳаббат то хиёнат, аз ватандорӣ то беватанӣ, аз бунёдгузорӣ то харобкорӣ, чун аз некӣ то бадӣ як қадам роҳ аст. Бале, худ шоҳиди ҳамаи ин рӯзҳои хубу бади Ватани азизамон гаштаем.

Таърихи сиёсии мамолики гуногун борҳо собит сохтааст, ки раванди бунёди давлату давлатдорӣ мушкил ва хеле пуртаззод буда, ҳар як марҳалаи инкишофи он хусусиятҳо дорад. Ин марҳилаҳо метавонанд орому сокит ва ё баръакс, муташанниҷу ноором ҷараён гирифта, хатарҳои бузургро дар роҳи мавҷудияти минбаъдаи давлат эҷод намоянд.

Маҳз аз ҳамин сабаб бисёр миллатҳо аз давлатдории миллии худ бенасиб гашта, фарҳангу забони худро ба нестӣ дода, дар маҷрои пурталотуми таърих симои миллиашонро гум кардаанд. Зеро натавонистаанд имконияти таърихиеро, ки баҳри пойдории онҳо фароҳам омада буд, мақсаднок истифода баранд, имконияте, ки на ҳама вақт муяссар гаштанаш мумкинаст.

Нимаи дуюми садаи ХХ ба халқи тоҷик муяссар гашт, то баъди гузашти ҳазорсолаҳо аз нав соҳиби давлати миллии худ гардад, аз нав ба ҷаҳониён оид ба соҳибдавлату соҳибтамаддун будани худ эълон дорад, аз нав тоҷи давлатдориро дар саргузошта, давлатеро бо номи Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҷой диҳад. Вале ин туҳфаи тақдир имтиҳони ҷиддиеро назди миллати мо гузошт. Паст будани фарҳанги сиёсии ҷомеа, надоштани таҷрибаи давлатдории ҷадиду мустақилона, ба ҳисоб нагирифтани хусусиятҳои давраи нави инкишоф, боло гузоштани манфиатҳои гурӯҳию ҳизбӣ аз манфиатҳои умумимиллию умумидавлатӣ ва дахолати қувваҳои манфиатдори беруна кишвари тозаистиқлоли моро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ тела доданд.

Соҳибистиқлолӣ фазои иҷтимоию сиёсии кишварро тағйир дод. Плюрализми идеологӣ ба интихоби арзиши шахсият мусоидат намуда, баҳри ҳимояи мақсаду манфиатҳои ӯ имконияти фарохро фароҳам овард. Дар арсаи сиёсии мамлакат қувваҳое пайдо шуданд, ки талоши ҳокимиятро доштанд. Дар натиҷа, фалаҷ шудани ҳокимияти сиёсӣ, авҷ гирифтани қувваҳои ба ном "демократӣ", вазъи муташанниҷи сиёсӣ, тақсими ғайрирасмии минтақаҳои мамлакат, авҷи аълои маҳалгароӣ ва зӯроварӣ, бесарусомонию саргардонӣ – чунин буд авзои сиёсии давлати тозаистиқлоли тоҷик дар нимаи аввали солҳои 90-уми қарни гузашта. Маҳз дар чунин вазъияти мушкилу ҳассоси сиёсӣ Шӯрои Олии мамлакат масъулиятро барои ояндаи давлату миллати тоҷик ба зиммаи худ гирифт, кафили таъмини сулҳу осойиш ва пойдории давлат гардид.

Аз ин хотир, дар шароите, ки Тоҷикистони азизро ҷанги хонумонсӯзу бародаркуш, фалаҷ шудани дастгоҳи давлатӣ ва буҳрони шадиди иҷтимоиву иқтисодӣ фаро гирифта буд, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистонд аъват карда шуд.

Маҳз иродаи катъии сиёсии Сарвари давлат ба ҳама баҳсу мунозираҳо атрофи масъалҳо хотима гузошта, имкон дод то ҷомеаи аз кашмакашҳо хаста шудаи Тоҷикистон ба баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои дигаре, ки ба тақвияти равандҳои созанда мусоидат намуда, кишварро аз вартаи порашавӣ раҳо мебахшид, гузарад.

Чун имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон мавриди омӯзишу баррасии ҷомеашиносон қарор дорад, набояд фаромӯш кард, ки принсипи асосии сулҳофарӣ маҳз дар ҳамин иҷлосияи тақдирсоз муайяншуд. Маҳз ҳамин принсипи асосгузор тавонист дар марҳилаҳои минбаъда зина ба зина амалӣ гашта, ба ҷаҳониён модели нави сулҳофариро тақдимнамояд.

Имрӯз ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз онифтихор дорад, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар саросари олам омӯхта мешавад. Ин таҷриба бори дигар собит сохт, ки ҳамагуна низоъ роҳи ҳалли худро дорад, агар тарафҳои даргар сари вақт мақсади ҳал карданионро дармиён гузошта бошанд. Албатта, дар ҷомеае, ки дар он хун рехтаю бадбиниву хусумат реша медавонад, ин омил метавонад нахли сулҳу созишро оҳиста-оҳиста хушк намояд. Бино бар ин, авф намудани ҷонибҳои даргир қадами аввалини ҳукумат дар роҳи сулҳ ва таъмини амнияту якпорчагии кишвар маҳсуб меёфт.

Идеяи ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон тавонист дар муддати кӯтоҳ дар дилу дидаи ҳазорон сокини дилозурда ҷойгирифта, заминаи бунёди сулҳро гузорад. Таҷрибаи талхи таърихи давлатдории гузашта бори дигар миллати моро водор месохт, ки сари имрӯзу ояндаи давлату миллати худ андеша кунад, панди гузаштагонро шиори рӯзгори худ созад, ба сарҷамъию ягонагӣ кӯшиш намояд, зеро шароити нав натанҳо хатари нобудшавиро аз дохил, балки аз берун ҳам пеш гузошта буд. Дар чунин шароит мебоист, бо назардошти хатарҳои мавҷуда, ба хотири таъмини пойдории давлати миллӣ ҳама гуна ғаразро як тараф гузошта, дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, баҳри ягонагӣ ва гулгулшукуфии Тоҷикистон талош намоянд.

Илм ва таҷрибаи таърихӣ борҳо собит намудааст, ки маҳз фаъолияти мақсадноку ҳадафмандонаи ниҳоди сарварӣ қодир аст дар марҳалаҳои тақдирсози таърихӣ боиси наҷот ва таҳкиму рушди давлатҳои миллӣ гардад. Аҳамияти таърихии фаъолияти ин ниҳодро имрӯз мо метавонем дар мисолим актаби сарварии Эмомалӣ Раҳмон, Президентимамлакат, баръало эҳсос намоем.

Зариф Довудов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд