Асри 21- ро асри таҳаввулоти техникӣ меноманд. Зеро шабакаи байналмилалии Интернет дар рӯзгори мо ҷойгоҳи хоссаро гирифтааст. Мо тавассути он ҳамарӯза аз навтарин иттилоъ огоҳ мешавем. Аммо бадбахтӣ он аст, ки имрӯз ин шабака воситаи тезтарини паҳни иғвову дасиса гардида истодааст. Ҳамон тавре, ки иттило дорем, ҳоло наздики 10 ҳазор сомонаҳо барои барангехтани низои нажодӣ- миллӣ, паҳни иттилои характери ифротӣ дошта хизмати бесобиқа дорад. Гурӯҳҳои манфиатҷӯ яке аз воситаҳои амалӣ намудани мақсадҳои сиёсии худро маҳз дар паҳни иттилоъ медонанд.  Ҳадафҳои асосии терроризми байналхалқӣ дар ин ё он мамлакат барҳам додани низомҳои иртиҷоии ҷаҳолатпеша мебошад, ки ба идеологияии экстремистӣ асос ёфтааст. Худи истилоҳи «терроризм» аз забони лотинӣ гирифта шуда, маънояш тарс, ваҳшат мебошад. Яъне, сиёсати тарсонидан пахш намудани мухолифони сиёсӣ ба воситаи зӯроварӣ мебошад.

Дар фаҳмиши мардум террорист танҳо он нафарест, ки худро мекушад ё метарконад. Аммо терроризм ва экстремизм болотар аз фаҳмиши болоӣ он аст. Зеро ин мафҳумҳо дар худ маъниҳои зиёди манфиро ҷо мекунад. Имрӯз дар қатори дигар ҳизбу ҳаракатҳо ҲНИТ низ чун ҳизби ифротгаро эътироф шудааст. Бояд сокинони зарурати ин эъломияро донад. Ба хотири он, ки ҳизби мазкур берун аз қонуни асосии кишвар фаъолияташро пеш бурд. Бо таблиғи фарҳанги бегона, бо мақсади ғасби ҳокимият онҳо кӯшиданд, ки оромонҳои 40- солаи худро пиёда кунанд.  

Барои мо, тоҷикон дардноктар он аст, ки кишвари Эрон, ин миллати барои тоҷикон шояд наздиктарин қавм яке аз душманҳои ашадӣ будааст. Ва бо пӯшидани «ҷомаи хирад» пайваста ба мо кӯмак менамуд. Аммо дар асл ин кишвар бо ҲНИТ забон як карда мехостанд, Тоҷикистонро ба як ҷомеаи фундаменталистӣ табдил диҳанд. Аммо тирашон хок хӯрд. Имрӯз ба ҷомеаи ҷаҳонӣ чеҳраи аслии Эрон ва сиёсати дарҳои кушодаш баръало эҳсос шуд. Маълум гардид, ки роҳброни олии ин кишвар чаро ба ҲНИТ ва Муҳиддин Кабирӣ муҳаббату ихлоси зиёд доранд. Ва пуштибонии сафири собиқи ин кишвар дар Тоҷикистон Саидалии Мусавӣ аз ҲНИТ ба чӣ хотир аст.

Мо, сокинони ваҳдатшиор ба дасисаву бӯҳтонҳои хоҷагони беруна бовар надорем. Сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами худро куллан дастгирӣ мекунем. Медонем, ки эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва ягонаи худро ба ҷузъ худи мо каси дигар бунёд намекунад. Мо ҳамдилем ва руҳи шикастнопазир дорем.

Ғайрат Раҷабов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд