Даҳсолаи охир терроризм ва ифротгароӣ хусусияти фаромиллӣ касб карда, дар аксари минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман густурдааст. Ин мафҳуми хатарзо дар дили мардуми олам таҳдидҳои нав ба навро дар либосу тобишҳои гуногун зоҳир месозад.

Сурати якмарому доимӣ гирифтани амалҳои ғайриинсонии террористон ба муқобили мардуми оддӣ дар қаламрави бархе аз кишварҳои дунё, аз шумори Покистон, Афғонистон, Сурия, Ироқ, Либия, Нигерия ва давлатҳои дигар далолат аз он менамояд,  ин нерӯи харобкори сиёсӣ торафт дар курраи арз доман паҳн менамояд.

Дар асоси маълумоти коршиносони мӯътамад дар ҷаҳон беш аз  500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунад, ки онҳо бо беш аз 10 ҳазор сомонаҳо ҷонибдорони худро даъват менамоянд.  Бештари онҳо барои қурбон шудан дар роҳи ислом (дар асл барои бадном кардани дини ислом) тайёранд. Дар кишварҳои мусалмонии Сурия ва Ироқ  ташкилотҳои террористии пинҳонкор ба қатли берамонаи оммавӣ даст зада истодааанд,  ки чунин рафтори ваҳшиёнаи ғайриинсониро дар ҷомеаи ҷаҳони мутамаддин дидану таҳаммул кардан номумкин аст.

Имрӯзҳо аз тариқи расонаҳо сабту наворҳое паҳн мешаванд, ки террористони беаслу насаб кӯдакону наврасонро низ ба гуруҳҳои худ шомил месозанд, истифодаи силоҳ, куштану сӯзонидани одамон ва тарконидани биноҳо ба онҳо меомӯзанд. Ин навъ хатарҳо ба вайрон кардани тафаккури насли наврас, тағйир додани роҳи камолоти фикриву маънавӣва ҷисмонии чунин табақаи бонуфузи ҷамъият оварда мерасонад.

Аз ин рӯ, қурбонии терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон буда, ноогоҳӣ, кам мутолиа доштан, номукаммал будани шуури сиёсӣ, динӣ, фарҳангӣ, инчунин бетаҷрибагии насли рӯ ба камол боис мешавад, ки террористон нерӯи онҳоро барои амалӣ сохтани мақсадҳои нопоки худ истифода баранд.

Бо назардошти вазъи кунунии сайёра ҷавонони моро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, фирефтаи ҳар гуна ваъдаву таълимоти бегона нашаванд ва ба қадри сулҳу ваҳдат, оромиву субот ва осоишагиву хотирҷамъии кишвар бирасанд.

Ба ҳамаи шахсоне, ки фирефтаи тағйиротҳои дурӯғини ҳизбҳои гуногун ва ё харакатҳои номақбул гаштаанд, муроҷиат намуда, гуфтаниам, ки имрӯзҳо давлат ва иқтидори интеллектуалии он иқтидори ҳарбӣ ва сиёсиаш метавонад ба ҳар гуна ҳаракату азҳобҳои экстремистӣ ҷавобҳои сазоворро диҳад. Зин сабаб ба ҳамаи шаҳрвандони азизи Тоҷикистон гуфтаниам, ки биёед ҳама дастҷамъона суботи сиёсии кишвар, осмони софи он, ваҳдати нотакрор ва истиқлолияти худододи ро шукргузорӣ намуда, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кор ва фаъолият намоем.

Зоҳир Солиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд