Кишвари мо, ки дар айни замон марҳилаи рушду тараққиёт ва пойдорнамоии сулҳу суботро аз сар мегузаронад, талош варзида истодааст то дар роҳи тайкардааш муваффақу комгор бошад. Аммо ин пешравӣ ва ободиву озодии миллати моро бархе чашми дидан нокарда, мехоҳанд, ки фазои истиқлоли моро вайрон намоянд. Мо мардуми бофарҳангу соҳибтаммадун ва қавиирода ҳастем. Ба нафаре чун хоини миллат бар зарари мардум рафторҳои нохалаф кардааст, дар ин марз ва дар миллати мустақил роҳ нахоҳем дод ва афкори он нафаронро ҳатто дар зеҳни худ ҷой ҳам намекунем.

Роҳбарият ва намояндагони ТТЭ ҲНИ аз ҷумла Илҳом Ёқубов кадом вазъи Тоҷикистонро номуносиб, ғайриқонунӣ, ғайриахлоқи ҳисобида имрӯз мардумро боз ба шӯр андохтанӣ мешавад. Ин чи гуна суханронӣ аст, ки дар Тоҷикистон волоияти қонун ба инобт гирифта намешавад.  Фаъолияти ғайриқонунии ҲНИ аллакай ошкор гардида, он ҳамчун ташкилоти терористиву экстремистӣ эътроф гардид ва чанд далели исботи онро низ ҳама шоҳиданд.  Аммо нафарони дар ин ташкилот шомилбуда имрӯз ҷор мезананд, ки дар маҳкамаҳои кишвар бегуноҳон зиндонӣ ҳастанд. Худ қазоват кунед, ки бо он ҳизбе, ки имрӯз аз тарафи оламиён ва чандин созмонҳои байналмиллалӣ ҳизби ифроттӣ эълон гардидааст, метавон ҳамкорӣ кард. Аҷоиботи сухани Илҳои Ёқубовро бинед, ки барои расидан ба роҳи мақсудҳои истиқлоли воқеи ҳамкори бо онҳо натиҷаи назаррас хоҳад дод. Бале хело хуб қайд кардед, замоне ба ин гуфтаҳои Шумо бовар карда, қариб ин миллати тоҷдор бар бод мерафт. Яқин донед, ки дигар ин мардум ба доми макру фиреби чунин нафарони хиёнаткор намешаванд, зеро медонанд, ки мардумони соли наваддуми асри гузашта, ба кадом ҳодисаи даҳшатбор рӯ ба рӯ гаштанд. Он сабақҳо имрӯз намегузорад, ки боз чунин амалҳои номатлуб дар кишвари мо сар зада, боз парокандагии мардумро ба миён орад, боз кӯдакони маъсумро бесарпаноҳ гузорад ва боз модарону падарони моро ҷикарсӯхта созад.

Илҳом Ёқубов, ки дар баромадаш аз Хайрулло Мирсаидов ёдовар шудааст, ҳамин нуктаро гуфтанием, ки ӯ барои роҳ додан дар низоми хароҷоти буҷети давлатӣ ба хатогӣ роҳ дода, хисоротро ба буҷет ворид намуд. Ба устоди ӯ Кабирӣ ва пайравону намояндагони Кабирӣ гуфтанием, бас нест, тафриқандозӣ, бас нест магар он хунрезиҳои мардуми бегуноҳ, ятим мондани фарзандон, бева мондани гуларӯсон, бе саробон мондану доғи фарзанд дидани падару модарон.

Роҳбарият ва намояндагони ТЭТ ҲНИ мақсад доранд, ки ин  табрикоти “бо меҳру муҳаббати саршор навиштаашон” воситаи башардӯсту ватанхоҳ буданашон мегардад. Ва ба ин васила то чи андоза нисбати “ҳамватанони” худ “меҳрубан буданашонро” иброз кардаанд.

Як бор худ фикр кунед, ки то кадом дарарҷа ботини ин афродон аз кинаву ғараз пур аст. Кабирӣ то ҳатто дар табрикот низ сиёҳ будани ботини хешро нишон дода гуфтааст, ки истиқлоли миллии имрӯза воқеи буда наметавонад ва он мардумро ба ду гурӯҳ ҷудо сохтаст. Боз иддао дорад, ки агар ҳокимият дар дасти ин тоифаи имрӯза бошад, ин тадбир давом мекунад. Ин осудаҳоливу мустақили бо заҳмату кӯшишҳои ҳукуматдорони имрӯза ба даст омад ва онро наслҳои имрӯза ба ояндагон месупоранд. Кадом вазъи кунунии кишвари мо номаъқул аст, ки шуморо маҷбур сохт табрикотро воситаи розу ниёзи худ сохтед.

Чаро ин истиқлолро чашми дидан надоред? Ҳол он, ки ин сулҳу салоҳ ба мо мардуми саодатманди диёр ҳама чизро дод, ки муҳмтарини он ба он дасисаҳои бемаънии хиёнаткорон нуқтаи ҳамешагӣ гузошт, то мардум дар фазои озоди истиқлоол нафаси озод кашад. Зиндагии шоиста ба сар бурда аз миллату аз авлоди худ ифтихор намояд.

Имрӯз М.Кабирӣ дар конфронси «баландпоя»-и САҲА дар Варшава аз худу ҳаммаслакони босмачиаш тарафдорӣ менамояд. Як бор инсон пеш сухан гуфтан бояд ҳамаҷониба андешад, зеро он тӯҳмате, ки ӯ алайҳи мардуми мо карда истодааст, ба ҳеҷ ваҷҳ қобили эътимод нест. Дар масъалаи ҳамкори бо онҳо боиси ба ҳадафҳои стратегии миллат расидан мегардад, комилан хандаовар аст, чунки пайрави намудан аз душманону хиётнаткорони ватан ва ҳамкори бо чунин бадтинатон миллати моро танҳо ба ақиб мекашад ва ин табрикоти бемавриди роҳбарияти ТТЭ ҲНИ як васвасаи холии онҳост.

 Маърифат Мавлонова, котиби  масъули нашрияи “Меҳвари дониш”