Имрӯз, ки ҷомеаи мо рӯ ба ободию ҳамдилӣ ниҳодааст, ҳастанд қувва ва ҷараёнҳое, ки ин ҳамаро нодида мегиранд. Ҳизби террористиву экстремистии наҳзати исломи Тоҷикистон аз шумули чунин рақибони заифе мебошад, ки хориҷ аз кишвар мехоҳад бо маълумотҳои бардурӯғу буҳтонангез ва муғризонаи хеш мафкураи сокинонро дигаргун кунанд. Вақтҳои охир ба ин «олимони диншинос» ба ном «Анҷумани озодандешон» низ ҳамроҳ шудаанд ва ин нафарон бо мақолаю изҳороти бе сару нӯгашон гумон мекунанд, ки «ҳақиқат»-ро ба мардум ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мефаҳмонанд. Навтарин мақолаи навиштаи «таҳлилгар, коршинос»  ва нафаре, ки ягон афрод шахсияташро намешиносад, бо номи Шавкати Муҳаммад дар нигоштаи худ таҳти унвони «Масҷидбандӣ, омори бардурӯғ ва қиёси назарфиребонаи ҳукумат» кӯшидааст, ки ҲНИТ-ро мусичаи бегуноҳу давлат ва Ҳукуматро ба он гунаҳкор месозад, ки гӯё зидди имону диндории мардум баромадааст. Ӯ дар оғози навиштааш замони шӯравиро танқид намуда, гӯиё бо оғози Истиқлолияти тоҷикон диндорон ба озодии кулл баромаданд. Оғози истиқлолият теъдоди масҷидҳо зиёд шуданд, вале дар ниҳояти кор онро бастанд. Ин ҳама гӯиё «масҷидбандиҳоро» аз «бонуфуз» шудани ҲНИТ медонанд. Аммо воқеияти ҳол он аст, ки ҲНИТ дар ягон давр миёни халқ маҳбуб набуд ва нахоҳад шуд. Ин ҳизбро роҳбароне идора мекарданд, ки танҳо манфиати хешро боло мегузоштанд. Дар мақола омадааст, ки дари масҷидҳоро бастан танҳо ба хотири ҲНИТ мебошад. Аммо дар асл масҷид ҷои таблиғи шиапарастону даъват ба «ҷиҳоду» зиддидавлатбароӣ гардид. Аз ҷониби мақомотҳои қудратӣ дастгир шудани дастикам 12 имомхатибҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд бо ҷурми аъзогӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни характери динидошта, ки аксар парвардагони ҲНИТ маҳсуб меёбанд, бозгӯи гуфтаҳои болоист. Чунин нафарон бо гуфтору рафторшон фарқ мекарданд. Фохирона мепӯшиданд. Аз Худову Расул дар баромадҳояшон мегуфтанд. Аммо чун ба хилват мерафтанд, кори дигар мекарданд. Ҳатто мардумони маҳал аз қасру кушк ва мошинҳои гаронарзиши онҳо дар ҳайрат мемонданд. Бо дуову фотеҳа чунин маблағҳои хангуфтро ба даст овардан амрест маҳол. Ана ин аст, натиҷаҳои таблиғоти нодуруст. Соли рафта бино бар маълумотҳо аз вилояти Суғд наздики 322 нафар чангиёни гумроҳ дар кишвари Сурия будаанд, ки шумори бештарин ба шаҳру навоҳии Исфара, Истаравшан ва Спитамен рост меояд. Чаро чунин аст. Посух ба ин савол он аст, ки маҳз дар ҳамин минтақаҳо аъзои собиқ ва пайравони ҲНИТ бештар ҳастанд ва онҳо бо таблиғоти нодуруст мардумро ба кӯи сарсонӣ мебаранд. Чунин нафарон бо фармоиши хоҷагони худ,  ки имрӯз дар хориҷа гуреза ҳастанд, мехоҳанд, ки ҷавонон ҷангозмуда шаванд ва рӯзе ба Ватан баргашта барои пойдории хилофат ҷанганд. Ва ин ҷо суханони «пурҳрорати Кабирӣ» ба хотир меояд, ки гуфта буд. «Ин бор бо ғалаба хоҳем баргашт». Ин сухани саҳл нест. Яъне, онҳо воқеан ҳам барои нооромии ҷомеа кӯшиш варзида истодаанд. Нақша доранд, ки ҷавонони ноогоҳро гирди худ ҷамъ оранд.

Аммо давлат барқарор аст. Онро шахсе роҳбарӣ мекунад, ки воқеан ҳам тӯдакаш аст. Ӯро ҳама дӯст медоранд.Ҳама ба хубӣ медонанд, ки танҳо бо ҳамдастӣ, берун кардану бухлу кина, бахшидани гуноҳи якдигар мулкро обод дилро шод мегардонад.      

Хайринисо Темирова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд