Таърих гувоҳ аст, ки мардуми меҳнатдӯсту ободкори тоҷик аз қадимулайём баҳри рӯзгори тинҷу осоишта ва шукуфоии миллати хеш ҷаҳду талош меварзиданд. Сад афсӯс, ки солҳои охир фаъолияти террористиву экстремистии созмонҳо ва ҳизбу ҳаркатҳои гуногун ба некӯаҳволӣ ва зиндагии ободу осоиштаи мардуми тоҷик, вазъияти иҷтимоию сиёсии Тоҷикистони азизу ободамон таъсири манфии худро мерасонад.

Мувофиқи маълумотҳои коршиносон имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал менамоянд ва ҳамасола дар мамлакатҳои Аврупо, Амрико, Африқо ва давлатҳои Осиёи Марказӣ амалҳои даҳшатноки террористӣ ба вуқӯъ мепайванданд.

Тарбияи фарзанд, мафкураҳои диниву ахлоқии вай аз оила сарчашма гирифта, минбаъд дар мактабу ҷомеа рушду нумӯъ меёбад. Дар ниҳоди фарзанд ҷой додани ғояҳои ахлоқӣ – маънавӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву инсонгароӣ ба оила вобаста аст ва ҳар як оила, ҳар як иштирокчии раванди тарбия метавонад дар ин ҷода роҳу равиши хос, низоми махсуси худро дошта бошад.

  Сиёсати кунунии давлатро имрӯз ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ошкоркунӣ, пешгирӣ ва роҳ надодан ба амалҳои террористиву экстремистӣ ташкил медиҳад. Дар ин радиф мо ҷавонон набояд, ки нисбати ҳамагуна ҳамлаҳои мафкуравию пасипардагӣ бетараф бошем, балки барои равнақу ривоҷи тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму фарҳанг, адабу маърифат чун табақаи нерӯманди ҷомеа, баҳри ободиву шукуфоии миллати абарқудрати  тоҷик  ҷонбозию талош варзем.

Имрӯз, ки Тоҷикистони азизамон дар айни шукуфоист, нагузорем, ки зиндагии тинҷу осудаи мардумро амалҳои ношоистаи террористону экстремистон вайрон созаду, ояндаи фарзандонамон зери хатар бимонад.