Идеология ва сиёсати ташкилоти созмонҳое, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ба унвони ниҳодҳои террористӣ дониста мешавад, зоҳиран ба анъанаҳои исломи анъанавӣ такя менамояд, ба аҳолӣ ақидаи номафҳуми гурӯҳҳои ба номи исломиро ташвиқу тарғиб наменамояд, аммо бо ташкилотҳову гуруҳҳои мухталифе, аз ҷумла баъди ташкил ёфтани коалитсияи байналхалқии зидди ДИИШ бо баъзе гуруҳҳои оппозитсияи суриягӣ, мисли «ҲАМОС», «Бародарони мусалмон» ҳамкорӣ менамояд.

Имрӯз ДИИШ дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷанговаронро муттаҳид намуда, бар зидди қувваҳои амрикоӣ ва НАТО дар ҳудуди Ироқ, ҳарбиёни ироқӣ, шаҳрвандон фаъолияти экстремистӣ мебарад. Аз дасти онҳо аллакай ҳазорон нафар «ғайридинҳо» - аҳли насронӣ, шиа, язидиён ба ҳалокат расида, ҳазорон одамон аз ноҳияҳои забтнамудаи онон гуреза шуда,занону бачагони зиёд дар дасти онҳо асир ва дар лагерҳои консентратсионии террористон нигоҳ дошта мешаванд.

Соли 2013 ДИИШ дар Сурия бар зидди сиёсати Башар Асад ба ҷанги шаҳрвандӣ оғоз намуд ва чун гуруҳи бераҳму золимтарин ном баровард. Соли 2014   гуруҳ дар қисмати шимолу ғарбии Ироқ ва дар Сурия ҳуҷуми пурраи худро оғоз намуда,  ташкил намудани давлати худ –«халифат»-ро эълон намуда, халифи худ – Абдуллоҳ Иброҳим ас-Сомараиро интихоб намуданд, давлати худро дар харитаи ҷаҳон бо номи «Давлати исломӣ» нишон доданд.

ДИИШ ро имрӯз ягон давлати ҷаҳон онро эътироф накардааст, вале аз ҷониби гурӯҳи тундрав дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Покистон, Афғонистон, Эрон ташвиқоти фаъолона барои ҷалб намудани мардум ба сафҳои он бурда мешавад. Мутаассифона гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик низ ба ин гурӯҳи терростӣ шомил шуда, имрӯз дар ҷангҳои мазкур иштирок доранд. Мутаассифона, воқеан ҳузури ҷавонони тоҷик ва шомилшавии онон ба ҳаракатҳои эктремистӣ хатаре ба амнияти миллӣ метавонад бошад, чун ин гурӯҳҳо бо таассуф ҳастии миллииро инкор мекунанд ва бархе ҳатто аз хонаводаву фарҳанз гузаштаанд.

Қувваҳои иртиҷоии ДИИШ кӯшиш менамоянд, ки аз ҳар роҳу восита истифода бурда, диққати аҳли ҷаҳонро ба сӯи худ кашанд. Дар ин роҳ сайтҳои интернетӣ бо нишон додани қувваи худ, зӯровариву ваҳшоният ба дилу ақидаи одамон таъсир мерасонанд. Намунаҳои зиёди ин қурбониён дар интернет зикр шудаанд. Яке аз охирин ваҳшонияти Қувваҳои иртиҷоии ДИИШ видеонамоиши қатли 21 нафар мисриёни масеҳӣ тавассути сомонаҳои интертентӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аст, ки бо гуноҳи фишор ба занони мусалмон ба ҷо оварда шудааст.

Имрӯз тамоми инсонияти тараққипарвар зӯровариву ваҳшоният ва хунхории ин низоми иртиҷоиро маҳкум менамоянд. Дар шароите, ки ҷамъият ба озодиҳои сиёсӣ, демократӣ ва муносиботи ҳусни тафоҳуми ҷомиа роҳ гирифтааст, ин гуна зӯроварӣ ва террор, ки мақомоти роҳбарикунандаи давлати Исломӣ пеш гирифтааст, ҳар фарди ҷомеаро набояд бетараф гузорад. Ин гуна роҳу усули мубориза, зӯроварӣ ва ваҳшониятро тамоми мардуми кишварҳои демократӣ ва сулҳпарвар, аз ҷумла, ҷомеаи мо маҳкум менамоянд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, бо раҳнамоии сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз роҳу воситаеро барои ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавононро ҷустуҷу мекунад ва мардуми азизи мо кӯшиш доранд, ки ҳар чӣ бештар ин ҷавонони гумроҳ аз ин роҳ баргарданд ва на барои бегонагон, балки баҳри миллати азизи худ хидмат кунанд. Мо, ҷавонон бояд бар он ифтихор кунем, ки тамоми шароит барои таҳсил, кор дар кишварамон фароҳам омадааст ва ба таъбири роҳбари давлат бояд шукронаи ин обу хок намуда, баҳри пешрафти Тоҷикистони азиз хидматгузор бошем.