Терроризм<> ва экстремизми байналмилалӣ дар ҷаҳони муосир аз масъалаҳои доғи рӯз ва нигаронкунанда ба шумор меравад. Мутаасифона, ҳамарӯза мо ба воситаи ахбори омма аз амалҳои террористӣ, куштору ғорат, гаравгонгирӣ, одамрабоӣ ва худкушиҳои маргталабона огоҳ мешавем, ки ҳама амали душманонӣ дини мубини ислом аст.

Феълан, барои кишварҳои Осиёи Миёна дар масири устувории амнияти миллӣ, маориф, ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва рушду тараққиёти иқтисодӣ рӯзҳои санҷишу имтиҳонӣ мегузарад. Фитнаву ангезаҳои хориҷӣ кӯшиши заифсозии сиёсати миллӣ ва бақои давлатҳои минтақа, хоса Тоҷикистонро доранд.

Яке аз роҳҳои осони аҳдофи нопоки ин гуна гурӯҳҳои террористию эксремистӣ ба доми худ гирифтор намудани ҷавонони ноогоҳ аз фароизи динӣ ва асли ислом ба шумор меравад. Имрӯзҳо ҷалби қувваи ҷавонони фирефташуда дар низоъҳои минтақавию ҷаҳонӣ маълумтарин васоити амалисозии мақсадҳои нопоки душманони ислом гардидааст.

Дар асре, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ афзоиш дорад, душманони дини мубини ислом кушиши онро доранд, ки бо роҳи нодуруст шарҳ додани масоили динӣ ва тафриқаандозӣ мусалмононро бо дасти худ нобуд созанд. Гуфтан мумкин аст, ки дар ин самт муваффақ низ шуда истодаанд. Ҳодисаҳои охири Шарқи Наздик, Мамлакатҳои Арабӣ, Африқо ва Покистону Афғонистон ба ин гуфтаҳои мо мисоли равшан шуда метавонанд.

Аслан, ҷиҳод ба кишвари дигаре рафтаву хонаи касеро оташ задан ва ё нафареро, бахусус, занону кӯдаконро ба қатл расондан нест. Куштани инсонҳо на ризоят, балки ғазаби Худоро меорад. Мутаассифона, аз сабаби надоштани саводи кофӣ дар бораи фароизи ислом, бархе аз ҷавонон худро ба андешаи ҷиҳод ба худкушии рӯирост мебаранд. Беҳтарин ҷиҳодро дар таълимоти ислом ҷиҳодро дар таълимоти ислом ҷиҳод ба нафс ва хизмат ба волидайн гуфтаанд.

Сарвари давлатамон дар ҳар як вохӯриву суханрониҳои худ таъкид мекунад, ки Ислом дини инсофу адолат, сулҳу амният, талқингари ахлоқи ҳамида буда, ҳама гуна аъмоли зишту харобиовар, озору шиканҷа, ҳушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум менамояд ва хилофи зуҳуроти манфию таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм мебошад.

Ба мо лозим аст, ки аз ҳодисаҳои гузаштаву имрӯза ибрат гирифта, фарзандонамонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ифтихор аз ниёгон ва миллати соҳибтамаддун ва фарҳанги воло тарбият намоем.