Тавре ки дап Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст: "Дар ҷаҳони имруза раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” шиддат гирифтааст, ки мардуми сулҳҷӯву озодихоҳ, бонангу номус, ватандӯсту хештаншиноси Ҷумҳуриро ором гузошта наметавонад". Хатари дигаре, ки имруз сулҳу субот ва оромии кишварро халадор карданӣ аст, фаъолияти роҳбарон ва аъзоёни  фирории ҳизби дар қаламрави Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълонгардидаи наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад.

Мо, ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва муҳассилини факултети физикаю техника,  чунин вазъиятро ба инобат гирифта, мехоҳам аз роҳбарони ташкилоти мамнўъи ҲНИТ даъват ба амал орем, ки аз фаъолияти ғайриқонунии худ дар хориљи кишвар, тафриқаву дасиса, амалҳои террористию ифротгароӣ, аз нав ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ  кашидани мамлакат  даст кашанд. ҲНИТ ҳизбе мебошад, ки аз рӯзҳои аввали ташкилёбиаш боиси қурбонии шахсони бузург, олимони шинохта гаштааст. Ба ҷои он ки ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, инсонгароӣ, меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ тарбия намояд, баъзе аз ҷавонони камтаҷрибаро гумроҳ, фирефта намуда, гирди худ ҷамъ оварда, ба гурӯҳҳои ҷангҷӯи экстремистӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамроҳ ва ба ғасби давлат ва шохаҳои он тарғиб мекунад. Бигзор роҳбарони фирории ҲНИТ ва ҳаводорони он дар баъзе кишварҳо ва созмонҳои байналхалқӣ донанд, ки ҳеҷ гоҳ ба ин ниятҳои нопоки худ расида наметавонанд. Тоҷикистон имруз дар мақоми яке аз давлатҳои рӯ ба тараққӣ ниҳода  қарор дорад ва фарзандони баору номусаш Модар-Ватани хешро аз нохалафон ҳифз карда метавонанд.

Вазъи имрузаи ҷаҳонӣ устодон ва донишҷӯёни моро ҳаргиз аз роҳи таъмин ва ҳифзи волоияти қонун, арҷ гузоштан ба арзишҳои неки умумибашарӣ, эҳтироми муқаддасоти миллӣ, ҳисси ифтихор аз Ватану ватандорӣ берун карда наметавонад ва мо масъалаҳои давлатдорї ва мушкилоти онро худамон, бе дахолати бегонагон, ҳал менамоем ва амалҳои зишти ҲНИТ-ро қотеъона маҳкум мекунем.