Мусаллам аст, ки имрӯзҳо ҷаҳони муосир дар гирдоби падидаҳои номатлубе аз қабили ваҳшонияту хунрезиҳои бераҳмона қарор дорад, ки берун аз тасаввури ақли инсонӣ мебошад. Бавижа дар чанд кишварҳои исломиву ғайри он, чун Сурия, Миср, Ироқ ва ғайра бар асари зиддиятҳои мазҳабӣ ва инқилобхоҳии муғризона гирдиҳамойиҳои пайваставу хунрезиҳои шадиде тазоҳур дорад, ки фазои нисбатан ороми ҷомеаи башариятро халалдор ва руҳияи соири мардуми сайёраи заминро шикаставу осебпазир намудааст.

Аз дидани манзараи мудҳиши қатлу ғорати инқилобгароёнаи афроди ба ном мусалмоне, ки аз кишварҳои бонуфузи исломӣ бархоста, теша бар решаи ҷони бародарони исломии худ мезананд, кас сахт ба доми андешае фурӯ меравад ва посухе барои суоли «Чаро?» дарёфт карда наметавонад. Оё дар ягон кутуби динӣ ва ё оини инсонгароӣ сабт шудааст, ки бародар бар муқобили бародар танҳо ба хотири тафовуте бар мазҳабу дин бераҳмонаву ваҳшиёна кушторе бар амал оварад? Оё Паёмбари дини мубини Ислом Муҳаммад (с)  чунин шеваи даъват ба исломро талқин менамуданд? На, ҳаргиз! Ин амали разилона ва бешармонаи чунин инсонҳои девсират, ки дар зоҳир худро мусалмони комил вонамуд сохта, зери ҳиҷоби Ислом бар алайҳи Ислом фаъолият мебаранд, дар тасаввурхонаи ягон фарди солимақлу соҳибхирад ғунҷоиш ёфта наметавонад.

Чи хеле ки Паёмбари Худо Муҳаммад (с) дар муроҷиат ба кулли инсонҳо фармудаанд, «Муъмин бародари муъмин аст», аммо бар вуҷуди бадгуҳари ин қабил мардуми пастфитрат заррае коргар наафтода ва тағйироте бар амали ношоистаи онҳо ворид накарда, ки зери аҳдоф ва шиори сари қудрат омадан мубориза алайҳи ҳамдигар менамоянд. Бад-ин васила, шаъну шарафи «Инсон» будан ва маънии рӯзгор ба сар бурданро аз даст медиҳанд. Дар ҳақиқат, кас аз намоиши панорамаи ҷоҳилонаи чунин афроди ба ном «Инсон», ки имрӯзҳо тариқи оинаи нилгун, шабакаи интернетӣ ва Васоити ахбори омма мушоҳида мекунем, бетафовут буда наметавонад.

Имрӯз барои мо мардуми тоҷик саодати бузург аст, ки дар чунин фазои озоду кишвари обод умр ба сар мебарем. Ин пеш аз ҳама, нахуст аз шарофати неъмати Илоҳӣ ва саъю кӯшиши шабонарӯзиву сиёсати хирадмандонаи Раиси Ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мо мардуми ҳушёру бозаковатро зарур аст, бо шукргузорӣ аз ин истиқлолияти миллӣ ва шароити мусоиду рӯзгори матлуб ҳама рӯза бар андешаи он бошем, ки чигуна ҷомеаи озоду фазои кушоди кишварамонро аз иллат ва сирояти чунин вирусҳои марговар раҳо созем. Ҳамеша дар мазраи қалбу зеҳн ва тафаккури мо ҳисси меҳанпарастӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва инсонгароӣ ҷӯш занад. Муҳаббат ба ватанро чун ибодат ба Худо фарз шуморем ва дар ҳифзи якпорчагиву ваҳдати комили он саъю талош намоем.