Дар яке аз Паёмҳои худ Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд: «Зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад,  баръакс,  аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ,  пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд».

Бо баробари эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо низ ҳизби ба ном «Исломӣ» кору фаъолият оғоз намуда, бо нишондоди хоҷагони бегонаашон аз сабабгорони асосии ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд, ки боиси харобии инфрасохторҳои давлатӣ, сиёсиву иқтисодӣ ва бадбахтиҳои гӯшношунид- марги иҷбории ҳазорон нафар инсонҳои бегуноҳ, сарсониву саргардонӣ ва ғарибии садҳо ҳазор модарону кӯдакони миллати тоҷик гардиданд. 

Баъди ба даст омадани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар барои фаъолияти тамоми созмонҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии Тоҷикистон мутобиқат мекунанд иҷозат дода шуд.

Бо вуҷуди фароҳам гардиани шароитҳои мусоиди рушд ва инкишофи мамлакат, рӯ ба беҳбудӣ овардани дараҷаи зиндагии аҳолӣ ва болоравии сатҳи зиндагӣ намояндагони Ҳизби назҳати исломи Тоҷикистон мақсадҳои ғаразноки  хешро  дигар накарда, ҷинояткорона  мехостанд, ки ҳокимиятро бо роҳи зурӣ ғасб намоянд ва кишвари ҷангзадаи моро дубора ба коми оташ ва ҷанги бародаркуш гирифтор намоянд. Сўиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи роҳбарияти собиқ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон сурат гирифтанд,  гувоҳи ин гуфтаҳоянд.

Лекин, тири ин хоинони миллат дигар ба нишон нахоҳад расид, зеро миллати сарбаланди тоҷик, ки аз вартаи вабо ва кӯраи оташи ҷанги бародаркуш ба худ сабақ гирифтааст, дигар фирефтаи шиору суханони хоинони миллат бо сарварии  Кабирӣ ва кабиритаборон нахоҳад шуд. Миллати тоҷик дигар зиракии сиёсиро  аз даст надода, таҳти роҳнамоии  хирадмандонаи сарвари бебоку ҷасураш, Пешвои муаззамаш Эмомалӣ Раҳмон доимо дар фикри тинҷию амонии миллату давлат аст.

Аҳли ҷомеаи устодону донишҷӯёни факултети педагогии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ба Кабирӣ ва дигар аъзоёни ҲИНТ, пайравону ҳаводоронашон гуфтанием, ки эй мардуми ноогоҳ, ношукр аз осоиштагиву гулгулшукуфии кишвари азиз, чашми ақл боз созеду сӯи кишварҳои сарпарастатон нигаред, худ дар чӣ ҳоланд? Оё мардумонашон чун сокинони кишвари мо озоду бахтиёранд?...

Пас, дигар аз пайи нороҳат сохтани Ватан-модаре, ки аз вуҷуди инчунин фарзандони нохалаф азият мекашад, нагардед. Мо ба шумо, нохалафон, ҳеҷ гоҳ бовар намекунем ва то ҷон дар рамақ дорем, намегузорем, ки Ватани ободи моро дубора ба вартаи нокомӣ фурӯ нишонед.