Имрӯзҳо сар то сари олам дар ҳамаи минтақаҳое, ки мардуми мусулмон кор ва зиндагӣ мекунанд, мудом хархаша, бадгӯйӣ кардан, ҳамдигарро сарзаниш кардан ва ҳатто барои қатли якдигар омодагӣ мегиранд. Суоле пайдо мешавад, ки чаро маҳз дар давлатҳои мусулмонӣ мудом ҷангу куштору террори мардум рӯй ба инкишоф аст!? Ба фикри мо яке аз сабабҳои асосии он иборат аз он аст, ки аксари мардуми худро мусулмон муаррифӣ мекарда аз арзишҳои баланди дини мубини ислом хабар надоранд ва аксарияташон, ки саводи нокифояи мазҳабӣ доранд, тез ба доми фиреби ҷосусони хориҷӣ гирифтор гашта, ба хоҷагони худашон, ки ба ном «сарсупурдагони исломанд», ҳамчун манқуртҳо хизмат менамояд. Дини мубини ислом ҳеҷ гоҳ ҷонибдори он нест, ки хуни бандаи муъмин ноҳақ рехта бошад. Амалҳои мудҳиш ва ноҷавонмардонае, ки дар Сурия, Ироқ, Яман ва дигар давлатҳои исломӣ ба вуқӯъ меоянд, шаҳодат аз он медиҳанд, ки дар ҳамаи давлатҳои номбурда дар паси иҷрои амалҳои мудҳиш ва қатли одамони бегуноҳ рӯсиёҳони пулпарасти хориҷие меистанд, ки ғарази эшон фақат барангехтани даҳшат ва куштор буда, бо ин восита пур кардани ҳамёнҳои бетаги худашон мебошад. Шумо дӯстони азиз, як маротиба жарфтар андеша карда бинед, ки қатли оммавӣ, террорҳои мудҳиштарин, бесарусомониҳои ногуфтанӣ ҳеҷ гоҳ дар Америка, Англия ва дигар давлатҳои абарқудрат рӯй намедиҳанд ва фақат ин амалҳо дар давлатҳои кӯчак ва алалхусус дар давлатҳои мусулмонӣ роҳандозӣ мешаванд. Мо хуб медонем, ки агар қавм ва ё фарду ҷомеаи ин дорои савдои казоӣ набошад, ин қавм ва ин ҷомеаро метавон бо роҳи фиреб ба доми ҳаргуна амалҳои мудҳиш равона кард. Мо ҳамаи амалҳои нангини хоҷагони хориҷиро бо тамоми ҳастии хеш маҳкум менамоям ва бори дигар ба мардуми шариф ва азизи худ муроҷиат намуда гирифтанием, ки мудом дӯстдори ватан, модар об, хок ва ин сарзамини зебои худ бошанду аз найранг, дурӯғ ва фиреби сиёсиву мазҳабии хориҷиён бохабар шаванд ва чи хеле ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мефармояд: «Ҳушёрии сиёсӣ ва зиракии аҷдодиро аз худ дур насохта, дар атрофи сарвари давлат боз ҳам қавитар муттаҳид гашта, ба ҳар гуна нотавонбинӣ зарбаи ҳалокатовари забонӣ занем».