Шинохти арзишҳои ҷомеаи башарӣ, алалхусус, имрӯз дар раванди ҷаҳонишавии босуръат аҳамияти бештар касб мекунад. Воқеан ҳам агар мо аз таъриху тамаддун, вазъи сиёсии кишвари худ огоҳ набошем, пас қувваҳое ин заифии моро мақсаднок истифода мебаранд.  Афроде, ки чанде пеш дар назди сафоратхонаи Эрон даст ба тазоҳурот заданд, нидои қалби онҳоест, ки доираи андешаю тафаккур ва ҷаҳонбинии фарох доранд  ва аллакай ба қавле сараро аз носара, сафедро аз сиёҳ фарқ карда метавонанд, шиори зиндагиашон ватандӯстию ватандорӣ ва хештаншиносист. Талаб ва мақсуди ин тазоҳуроткунандагон садоқатманд пойдории сулҳу оромӣ дар саросари ҷаҳон ва пешгирии ҳама гуна ҳодисаҳои даҳшатангези қатлу куштор, терроризм аст. Танҳо ин модарони муштипар аз Кабириву ҷами ёронаш хостгори он ҳастанд, ки фарзанҳояшонро гумроҳ накунанд.

Агар мо имрӯз қадру манзалати Ватан,  миллат ва забони худро дарк насозем, зарурати густариши худшиносиву худогоҳӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пояҳои Истиқлолиятро таъкид накунем, амнияти миллӣ ва рушди иқтисодиву фарҳангиро таъмин карда наметавонем.

         Аз ин, рӯ моро зарур аст, ки ба ҷомеа фаҳмонем, ки чи нақшаҳои «бориз» доранд душманони миллати мо. Танҳо якдиливу сарҷамъи моро ғолиб мегардонад.