Аъзо ва пайравони Ҳизби террористиву экстремистии наҳзати исломии Тоҷикистон! Оё вақти он нарасидааст, ки таҳаввулоту дигаргунии ҷаҳони муосирро бо чашми воқеъбинона бингаред ва аз ин аъмоли ноҷавонмардонаву ғайриинсонии худ даст кашед?! Оё то ҳол умедворед, ки дубора дар ин кишвар барои тарғиби мақосиди ғаразноки хеш  имконияту шароити мусоид пайдо мекунед? Оё вақти он нашудааст, ки аз сарнавишти Сурияву Ироқ, Афғонистону Яман ва дигар кишварҳои ҷангзада, ки дину мазҳабро бо сиёсат омезиш дода, ин кишварҳои ободу маъмурро ба хоку хун кашиданд ва миллионҳо мардуми бегуноҳро дар арсаи олам сарсону саргардон кардаанд, ибрат гиред?

Мутмаин бошед, ки иштибоҳ мекунед ва бар роҳи ғалат меравад ва дар поёни роҳ танҳову бекас ва хору забун хоҳед монд! Шумо аъзо ва фаъолони Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ фаромўш накунед, ки ҳеҷ куҷо бароятон ватангоҳу осоишгоҳ нест, ба ҷуз Тоҷикистон. Шумо фирефтаи дастгириву пуштибонии Ҳукуматии кунунии Эрон нашавед! Зеро агар ин ҳукумат дар мамлакати худ адолати иҷтимоиро роҳандозӣ менамуд ва сиёсати худро дар заминаи мардумсолорӣ пиёда месохт, шаҳрвандонаш бар зидди он тазоҳурот намекарданд. Тасаввур кунед, давлате, ки бар алайҳи хостаҳову омоли шаҳрвандони худ амал мекунад чи гуна метавонад барои дигарон хизмати беғраз намояд. Агар андаке ақли бедору дидаи боз дошта бошед сари ин масъала тааммул кунед ва итминон дошта бошед, ки Ҳукумати Эрон, ки асрҳо инҷониб дар асоси афкори аҳли ташайюъ тарҳрезӣ шудааст, бо аҳли суннат ва ҷамоат дар тазоду душманист.  

Вақти он шудааст, ки ба дурўғпароканиву кинаҷўӣ, тавҳину туҳмати Ҳукумати кишвар ва гумроҳ намудани муҳоҷирони меҳнатӣ, хотима гузоред. Биёед дар канори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардида, ин кишварро обод намоем ва дигар нагузорем хоинону душманони давлату миллат осоиши моро барҳам зананд.