Ба фаъолият шурӯъ намудани ҳизбҳои сиёсӣ дар оғозгоҳи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ худ ишорае ба мавҷуд будани фазои мусоиди сиёсӣ дар кишвари азизамон дорад ва бо эҳсоси пайдо шудани чунин як омили муҳими тақдирсоз, яъне эъломи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Конститутсия ҳукми қонунӣ гирифт, пас аз пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ заминаи мусоидеро барои бо муваффақият паси намудани як марҳалаи муҳими сиёсӣ фароҳам овард.  

Тайи ин солҳо ба мушкилиҳои зиёд нигоҳ накарда Тоҷикистон муваффақ ба таъсиси парлумони дупалатагии касбӣ, инчунин баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагону маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар чандин навбат гардид ва барои ҳифзи чунин дастовардҳои барои халқу миллат зарурӣ ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки бояд аз тақдири панҷсолаи минбаъдаи давлату миллати худ бетараф набошанд. Ёдовар бояд шуд, ки бо истифода аз фазои демократияву озодӣ ҳизбҳои сиёсӣ дар ҷараёни кӯшиши роҳандозии ташвиқу тарғиби афкори сиёсии хеш бо ҳадафҳои барои ҷомеаи мутамаддин маълум барои ба боварии мардум сазовор гардидан чораҳои амалӣ андешида истодаанд. Тафаккури ҷомеаи муосир имрӯз имкон намедиҳад, ки нафарони маҳдуд ба ҳизбу ҳирфаҳои сиёсӣ мардумро ба ҷониби мақсаду омолҳои шахсиашон раҳнамун созанд. Зеро халқи тоҷик аз зарбаҳои сахти таърих сабақ омӯхта, аз худсӯзиву ҷудоихоҳӣ ба худсозиву кишварсозӣ омада расидааст. 

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби экстремистиву террористии ҲНИТ ва ҷамъи ёронаш натавонистанд аҳдофу мароми ҳизби хешро дар замони фаъолияти қонуниашон миёни ҷомеа роҳндозӣ намоянд.  Тавсеаи суҳбату нишастҳои мардум бо Муҳиддин Кабирӣ худ ошкор буд, ки ӯ ва ҳизби ӯ чи мақсадҳои нопок доранд.  Бояд ӯ амалан ба анҷоме коре даст занад буд, ки он шоиста бошад ва агар аз дасташон намеомад ақаллан, кӯшиш мекарданд, ки ба истиқрору оромии кишвар халал ворид насозанд. Аммо фарҷоми сабукфикриҳо чи шуд ба худатон маълум. Мо бояд аз ин сабақи хуб гирем ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.