Руҳияи мардуми сарбаланду озодандеши воқеии миллати тоҷик пас аз дубора барқарор шудани робитаи ду кишвар- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хеле болида аст. Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки дигар ягон нерӯ наметавонад ваҳдати сар то сарии ин ду давлати дӯстро аз ҳам ҷудо намояд. Ҳатто он нафароне, ки худро «озодадеш» метарошанд. Воқеан имрӯз дар қатори дигар душманони заифи миллат зуҳур кардани «Анҷумани озодандешон» чун тароша аз бом афтиданро мемонад. Аввалин баҳс сари номи «Озодандешӣ меравад». Магар дар ҳудуди Тоҷикистон монанди Темур Варқӣ, Саидюнуси Истравшанӣ, Аюб Эгамов,  Алим Шерзамонов озодандешон нестанд, ки ин доноён худро «озодандеш» эълон шуданд.  Маълум мешавад, ки ин «озодандешон»-и навбаромад моҳияти ҳаракати озодандеширо, ки дар фарҳанги халқҳои ҷаҳон таърихи куҳан дорад ҳанӯз нафаҳмидаанд. Балки роҳбари он Кабирии худхоҳ чуқур андеша накард, ки ин бозии навбатии ҳизби  онҳо кор намедиҳад.   Аввалан ин ки чӣ тавр ин ҳизб тавонист, ки ташкилоти террористии худро «Анҷумани озодандешон» номад, дар ҳоле ки ин ҳизб дар заминаи таассуби динӣ-ифротии худ низоми дунявии давлатдории миллиро напазируфта, бо пуштибонии хоҷагони бурунмарзиаш хост дар Тоҷикистон «Давлати исломӣ»-и навъи ҶИЭ-ро бунёд созад, ки ин боиси ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гардид ва аз паи худ хисороти бузурги иқтисодӣ, маънавӣ, иҷтимоӣ ва марги 150 000 шаҳрвандонро овард. Дигар ин ки, шумо бояд фаҳмед, ки дар таърихи инсоният ҳаракати озодандешӣ дар мубориза ба муқобили шумо барин гуруҳҳои мутаассиб ва ифротгарои динӣ ба вуҷуд омадааст ва миёни ин ду падида ягон умумияте вуҷуд надорад. Озодандешӣ ҳамеша як ҷузъи андешаҳои худоро нашинохтан аст ва агар ин «сарсупурдагон» воқеан ҳам озодандеш бошад, пас аз номи Худову расул ҳарф гуфтанашон аз чи сабаб бошад?!

Мо мегӯем, ки ин нафарон шурӯъ аз роҳбарони худ танҳо як ҳадаф доранд. Ин ҳам бошад тоҷу таҳи ва нооромии ҷомеа. Яъне ҳам аз хоҷагони худ сарват рӯёнанду ҳам аз вазъияти ноором истифода намуда молики халқ шаванд.  Вале ин андешаҳояшон аз афсона беш нест. Зеро ҷомеа пеш рафтааст. Ва мардум роҳи дурусти зиндагиро кайҳо интихоб намудааст.

Зайдниддин Осимӣ, Бойпоччо Фатҳидинов,  Фатҳулло Эргашев, Ғайрат Раҷабов, Зоҳир Солиев, Алия Раҳимова,  Абдуқаҳҳор Бӯриев, Манзура Султонова