Имрӯз тафаккури танги ифротӣ, фаъолияти харобиовари гуруҳҳои ифротгарои динӣ ва нақшаҳои шуми қудратҳоиҷаҳонӣ, ки бо дасти ин гуруҳҳо амалӣмешаванд, ватани мо, давалти мо, миллати мо, фарҳанги мо, зиндагии ободу осудаи мо, номуси модарону хоҳарони мо ва осудагии шахсии ҳар яки моро ҳадафи таҳдиди бераҳмонаи худ қарор додаст. Ин аст, ки мубориза бо ин «вабои аср» як ҳаракати умумимиллӣ буда, бояд ҳар як шаҳрванди ватандор, нобаста аз касбу кор, новобаст аз синну сол ва аз мавқеи сиёсию итимоии худ дар ин муборизаи бузург, дар ин набарди муқаддас ва дар ин рӯёрӯйи рӯшаниву торикӣсаҳми худро гузорад.

Тафаккури ифротӣ, гуруҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣҳамчун як хатари бузурги минтақавӣваҷаҳонӣ, имрӯз амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣқарор доранд. Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар акнун аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти глобалӣ ё умумиҷаҳонӣ гирифтааст. Истифодаи қудратҳои минтақавӣваҷаҳонӣ аз ин гуруҳҳо барои расидан ба мақсадҳои худ, қудрат, миқёс ва моҳияти хатари онҳоро хусусан барои кишварҳои осебпазири мусулмоннишин даҳчанд менамояд. Бинобар ин дар шароити пешомада танҳо сафарбарсозии тамоми имкониятҳои моддию маънавӣ ва ба роҳ гузоштани як набарди умумиллӣ метавонад роҳи дурусти мубориза ба ин тафаккур бошад.

Раванди ин гуруҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуниҷаҳон нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёни динӣ, хусусан, пайравони гуруҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ» роҳҳои нави пуртаъсиру таблиғу ташвиқи андешаҳои худро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд. Маҳз ҳамин равиши таблиғотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣяке аз омилҳои муваффақияти ин гуруҳ ва ҷойгоҳи байналмиллатӣ пайдо кардани он ба ҳисоб меравад.

Пас саволи марказӣ чунин аст, ки хатари воқеӣ ва мушаххаси тафаккури ифротӣ ва гуруҳҳои ифротгарои динӣ ба ватани мо, ба мардуми мо ва ба ҳар як нафари мо дар чист?

Ин ҷо бояд ҳафт хатари гуруҳҳои ифтории диниро қайд намоем.

Хатари якум

Гуруҳҳои ифротии динӣ мухолифи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зидди мавҷудияти давлати мустақили Тоҷикистон буда, расман нақша доранд, ки давлати моро аз байн баранд.

Ҷанбаи назариявии ин масъала чунинаст, ки мувофиқи тафаккур ва таълимоти гуруҳҳои ифротии динии имрӯза, ягон давлати мусулмоннишин бояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд надошта бошад. Тибқи назари онҳо, бояд ҳамаи ин давлатҳо маҷбуран ишғол шуда, ба таркиби «хилофоти ягонаи исломӣ» дохил карда шуда, ҳамчун як ноҳияи «хилофот» бечунучаро ба халифаи ягонаи онҳо итоат кунанд. {амин тавр, ифротгароён ҳеҷ гуна давлати мустақил ва истиқлолияти давлатҳои мусулмониро эътироф накарда, ҳамаи онҳоро дар тарқиби «хилофот»-и худ маҳв менамоянд.

Ин тарҳ ва ин андеша дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, дар низомномаҳо ва дар маводи таблиғолии гуруҳҳои ифротии динӣ ба таври расмӣ, дақиқ ва возеҳ ифода шудааст ва ҳеҷҷойи шаккеро боқӣ намемонад.Масалан:

-ҳаракати ифротгароии «Ҳизби таҳрир» солҳост, ки дар оиннома ва варақаҳои таблиғотии худ ба таври расмӣ назарияи «бунёди хилофати ягонаи исломӣ»-ро таблиғу ташвиқ мемоянд.

- созмони даҳшатангез ва ифротгарои ба ном «Далати исломӣ» (ДИИШ) бошад, харитаи сиёсии хилофоти исломии худро тартиб дода, онро дар расонаҳо ҳамаҷониба паҳн ва таблиғ мекунанд.

Хатари дуюм:

Ифротгароии муосири динӣ бо сохти давлатдории мо ва бо тарзи зиндагии озодонаи мо моҳиятан мухолиф буда, онҳоро аз байн бурда, ба ҷойи он ба мо ғуломию беҳуқуқиро таҳмил мекунад.

Аз назари гуруҳҳои ифротгарои динӣ бояд низомҳои давлатии демократӣ ва дунявӣ аз байн бурда шуда, ба ҷойи онҳо «давлати исломӣ» ҷорӣ карда шавад. Онҳо низоми дунявии демократиро барои мусулмонон нолозим ҳисобида, ба муқобили он мубориза мебаранд. Ин фикр дар тамоми адабиёт ва маводи таблиғотии ифротгароён расман баён шудааст ва онҳо ба таври ошкоро онро таблиғ мекунанд.

Масалан яке аз муҳимтарин китобҳои «Ҳизби таҳрир» «Демократия-низоми куфр» ном дорад, ки аз номи худи ин китоб мақсади ин ҳизбро фаҳмидан мумкин аст, ки он аз байн бурдани ҷомеаи демократӣ мебошад.

Созмони ифротагроии «Давлати исломӣ» бошад, аз байн бурдани давлатҳои дунявӣ ва демократиро мақсади ошкори худ эълон карда, ҳатто кишварҳое, ки аксарияти мардуми он мусулмон буда, дар он аксари меъёрҳои исломӣ эътироф ва амалӣ шудаанд, низ давлатҳои мусулмонӣ намедонанд. Масалан, дар моҳҳои охир созмон ба чунин давлатҳое чун Арабистони Саудӣ, Урдун ва ҳатто ба гуруҳи фаластинии «Ҳамос», ки дар назари умум як гуруҳи сахтгири исломӣ ба ҳисоб меравад, таҳдид намуда, онҳоро ба «ғайриисломӣ» будан маҳкум кардааст. Яъне гуруҳи «Давлати исломӣ» фақат ҳамон шакли маҳдуд, хашину бераҳмона ва торики фаҳмиши исломро, ки то имрӯз дар минтақаҳои ишғолкардааш ҷорӣ намудааст, эътироф мекунад.

Хатари сеюм:

Гуруҳҳои ифротии динӣ бо асолати таърихӣ ва ҳувияти миллии тоҷикон шадидан мухолиф буда, онро бераҳмона аз байн мебарад.

 

Яке аз хусусиятҳои ифротгароии динӣ, хусусияти гуруҳҳои салафияи такфирӣ (кофир) дар он аст, ки ин ҳаракат аз бисёр назар ба миллигароии ифротии арабӣ пайваст буда, араб буданро ҳамчун як имтиёз ифтихор ҳисоб мекунад. Масалан, гуруҳи «Давлати исломӣ» барои асоснок кардани ҳуқуқи халифаи мусулмонон шуданро доштани роҳбарашон –Абӯбакри Бағдодӣ на салоҳияти илмӣ, ахлоқӣ ё сиёсии вай, балки пеш аз ҳама, гӯё аз қавми араб ва аҳли қабилаи Қурайш будани гузаштагони дури ӯро далел овардааст. Дар айни замон, пайравони ин ҳаракат идомадиҳандаи ҳамон баҳси таърихии «арабу аҷам» буда, ба нажоду фарҳанги иронӣҳамчун ба душмани таърихии арабҳо нафрати бисёр амиқ доранд.

Тавре маълум аст, масъалаи «Арабу Аҷам» ё шакли имрӯзааш, баҳси «Эрону Араб», дар тӯли таърихи ҳамзистии ин ду халқият ташаккул ёфта, масъалаҳои қавмӣ, нажодӣ, фарҳангӣ, сарзаминӣ, арзишӣ, динӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ ва ғайраро дар бар мегирад, шарҳи он як баҳси бисёр тӯлонист. Дар замони муосир низ ин баҳс дар сатҳҳои гуногун идома дошта, гоҳе зери шиорҳои миллӣ, гоҳе зери шиорҳои мазҳабӣ ва гоҳи дигар дери шиорҳои сиёсию геопалитикӣ сурат мегирад. Омӯзиши муҳит ва руҳияи ифротгароёни динӣ дар Ховари Миёна нишон медиҳад, ки онҳо нисбати мардумони ориёӣ ва эронинажод ҳамеша истилоҳҳои таҳқиромезе чун «маҷусон», «оташпарастон», «рофизиён» ва ғайраро истифода  намуда, номҳои эрониро «номҳои маҷусӣ» ва забони форсиро «забони аҳли дӯзах» меноманд, ҳоло он, ки пайғамбари ислом Муҳаммад (с) забони форсиро яке аз ду забони аҳли биҳишт гуфтааст.

Хатари чорум:

Гуруҳҳои ифротии динӣ маърифат, адабиёт ва фарҳанги миллии тоҷиконро маҳкум карда, онро аз байн мебаранд.

Яке аз хусусиятҳои асосии ақида ва таълимоти гуруҳҳои навпайдои ифротии динӣ дар он аст, ки онҳо ба фарҳангу маърифат ва хусусан, ба тасаввуфу ирфон назари шадидан манфӣ дошта, онро умуман эътироф намекунанд. Хусусан, пешвоён ва назариясозони равияи салафияи такфирӣҳамеша тасаввуфу ирфони исломӣ ва адабиёту осори ирфониро маҳкум намуда, дар бораи он ҳукмҳои қатъии худро эълон намудаанд. Аз назари  онҳо, пайравӣ аз тасаввуф як навъи «бидъат» буда, изҳори ишқу муҳаббат ба Худо ва пайравӣ  аз пирони тариқат, ки аз сутунҳои асосии назарияи тасаввуф мебошад, як навъ «ширк» дар ақидаю ибодати мусулмонон ба ҳисоб меоянд.

Хатари панҷум:

Ифротгароёни динӣҳамаи мазҳабҳои исломӣ, аз ҷумла мазҳаби ҳанафиро нодуруст ва бидъат дониста, пайравони онро мусулмони ҳисоб намекунанд Ин мавқеи онҳо боиси сар задании буҳрони ҷиддии ақидатӣ дар ҷомеа мешавад, ки оқибатҳои вазнин дорад.

Ифротгароёни навпайдои динӣ, ки асосан пайравони равияи салафияи таквирӣ ва ҷиҳодӣҳастанд, худи мазҳабро ҳамчун чорчӯби пайравӣ аз ислом эътироф накарда, пайравӣ аз мазҳабро «бидъат» меҳисобанд. Онҳо фақат худашонро пайравони воқеии ислом дониста, тамоми ибодатҳоро, ки мусулмонон дар доираи мазҳабҳо анҷом медиҳанд, напазируфта, танҳо эътиқод ба тарзи салафагии диндориро дуруст медонанд. Пешвоёни ин равия ҳам дар масъалаҳои ақидатӣ ва ҳам дар масъалаҳои ибодатӣ ин мавқеъро талқин ва таблиғ мекунанд.

Хатари шашум:

Гуруҳҳои ифротгароии динии имрӯза нисбати мазҳабҳои гуногуни исломӣ назари ҷангҷӯёна ва такфирӣ дошта, ҳамзистии осоиштаи байни мазҳабиро  дар кишварамон аз байн мебаранд. Ба ин восита онҳо ба Ваҳдати миллӣ, субботу амният ва ҳатто мавҷудияти миллат ва давлати ягонаи Тоҷикистон хатар ба вуҷуд меоваранд.

 

Тавре маълум аст, гуруҳҳои ифротгароии динӣ намояндагони мазҳабҳои гуногуни исломӣ, хусусан, пайравони мазҳаби шиъа ва тамоми шохаву равияҳои онро дар ҷумлаи мусулмонон ҳисоб намекунанд. Пешвоёни равияи  салафияи ифротӣ ва расонаҳои онҳо дар бораи мазҳабҳои дигар назари бисёр тунду қатъӣ дошта, онҳоро пайваста маҳкум менамоянд. Дар айни замон, пайравони шохаҳои ифротии мазҳаби шиъа гуруҳҳои салафии такфириро умуман, аз ислом берун ва ҷузъи равияи таърихии «хавориҷ» меноманд.

Хатари ҳафтум:

Ақидаи ифротӣ ва гуруҳҳои ифротии динии муосир дар асл силоҳи муборизаи геополитикии қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ буда, дар сурати ба Тоҷикистон роҳ ёфтани ин гуруҳхо кишвари мо ба майдони муборизаҳои калони геополитикӣ табдил мешавад.Дар натиҷа на танҳо субботу амният, балки истиқлолияту мавҷудияти худи Тоҷикистон бо хатари воқеӣрӯбарӯ мегардад.

Тамоми далелҳои таърихӣ, илмӣ ва мантиқӣ исбот кардаанд, ки аксари гуруҳхои ифротгарои динии муосир аз матни худи ҷомеаҳо ташаккул наёфта, бо дастгирӣ ва ҳимояти ҳамаҷонибаи доираҳои махсуси сатҳи минтақавӣваҷаҳонӣ ташкил карда шудаанд. Ин доираҳо, хусусан, кишварҳои абарқударат, хусусияти ҷомеаҳои мусулмониро даҳсолаҳо, балки садсолаҳо омӯхта, фарқу ихтилофҳо, фарҳангу руҳия ва сатҳи ҷаҳонбинии мардуми онҳо ва умуман, нуқтаҳои заъифи ин ҷомеаҳоро ба хубӣ медонанд. Бинобар ин дар вақти барояшон зарурӣ аз ин маълумоти «шарқшиносӣ» ё «исломшиносӣ» ба таври васеъ истифода намуда, ҳаракатҳо ва ихтилофоти гуногуни ҷаҳони исломро бар зидди ҳамдигарашон дастгирӣ менамоянд ва ё онҳоро ба вуҷуд меоранд. Мақсади асосии қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ таъмини манфиатҳои сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодии худашон мебошанд, аммо дар ин кор гуруҳхои ифротгарои исломӣ метавонанд яке аз аз муносибатарин силоҳхои онҳо бошанд, зеро ин гуруҳҳо бо истифода аз эҳсосоти динии мардум ба осонӣ дар ҷомеа ҷойгоҳ ёфта, зери ҳидояти кишварҳои абарқудрат вазъиятро ба нафъи онҳо, яъне ба нафъи хоҷагони худ тағйри медиҳанд. Истифодаи калимаи «хоҷагон» дар ин ҷо як шиори сиёсӣ ва ё таблиғотӣ нест, чунки тамоми далелҳо истоб мекунанд, ки чунин гуруҳхо аз тарафи хадамоти махсуси давлатҳои манфиатдор дастгирӣ ё ташкил карда шуда, аз тарафи онҳо ҳамаҷониба ҳимоят ёфта, аз тарафи онҳо идора мешаванд. Барои кишварҳои абарқудрат моҳият, ҳадаф, шиорҳо ва тарзи амали ин гуруҳҳо чандон муҳим нест, балки муҳим ин аст, ки фаъолияти онҳо дар ниҳоят тавозуни сиёсӣ ва қудратиро (дар сатҳи минтақа ва ё ҷаҳон) ба нафъи онҳо табдил дода ё дастрасии онҳоро ба манбаъҳои дилхоҳи иқтисодӣ ва энергетикӣ таъмин менамояд.

Хулоса:

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамомоти мақомоти сиёсӣ ва қудратии кишвар хатару оқибатҳои тафаккури ифротгарои динӣ ва гуруҳҳои ифротиро дарк намуда, ба муқобили онҳо муборизаи қатъӣ ва фарогирро ба роҳ гузоштааст. Аммо савол ин аст, ки муносибати шаҳрвандон, яъне муносибати ҳар яки мо бо ин равия ва ҳизбу гуруҳҳо ва бо ин хатар бояд чӣ гуна бошад?

Албатта ҳар як шаҳрванди ватандӯст дар муқобили ҳама гуна хатаре, ки ба давлат ва ватани ӯ таҳдид мекунад, мавқеи мухолиф дорад ва ба муқобили ин хатар мубориза мебарад. Вале, дар масъалаи гуруҳҳои ифротию терорристӣ бояд гуфт, ки хатари он натанҳо ба ҳукумат ва сохтори сиёсӣ, балки хатари он бевосита ба ҳар як нафари мо равона шудааст. Зеро онҳо на танҳо ба Давлат ва сохти конститутсионии мо, балки ба рӯзгори ободу осудаи мо, ба тарзи зиндагии шахсии ҳар яки мо, ба модару хоҳари ҳар яки мо, ба хонаву молу мулки ҳамаи мо, ба зану фарзанди ҳар яки мо бевосита таҳдид мекунанд.  Таҷрибаи пайдо шудани ин гуруҳхо дар кишварҳои дигар нишон медиҳанд, ки ифротгароён молу мулки мардумро ғорат карда, хонаву дари онҳоро соҳибӣ менамоянд, зану фарзанди мардумро канизу ғулом намуда, дар бозорҳои ғуломфурӯшӣбайни худ ба фурӯш мегузоранд, қишри босаводи ҷомеа, аз ҷумла аҳли ҳунару фарҳангу илму зиёро ҳамчун «кофир» ба қатл мерасонанд, намояндагони дину мазҳабҳои гуногунро қатли ом мекунанд.

Пас омадани онҳо барои ҳар қишри ҷомеа, барои ҳар шаҳру деҳа, барои ҳар оила, барои ҳар шахс фоҷиа, таҳдид ва хатари мустақим аст.

Ин аст, ки мубориза бо ин «вабои аср» на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи ҳар як қишри ҷомеа, вазифаи ҳар шаҳру деҳа, вазифаи ҳар оила ва вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад.

Ин офат мисли оташи фарогир ва ё сели харобиовар аст, ки агар бо талоши ҳамагонӣ пешаш гирифта нашавад, ҳамаи мо бе истисно қурбони он хоҳем шуд. Аз ин рӯ мубориза ба экстремизму терорризм ба манфиати шахсии ҳар яки мо, ифодагар ва ҳимоягари ҳар яки мо мебошад.

Ин аст, ки бояд тамоми мардум дар ин мубориза муттаҳид шаванд ва на танҳо наҷоти давлату миллат, балки наҷоти худ ва зану фарзанди худро таъмин намоянд. Ин аст, ки мубориза бо ифротгароӣ ва гуруҳхои ифротӣ бояд ба кори ҳамаи мардум, ба як муборизаи бузурги умумиллӣ табдил ёбад.

Ва бояд ҳар як шаҳрванд, новобаста аз касбу кор, новобаста аз синну сол ва новобаста аз мавқеи сиёсию иҷтимоии худ дар ин муборизаи бузург , дар ин набарди муқаддас ва дар ин муборизаи ҳаёту мамот саҳм гузорад.

ҳамон гуна, ки дар даврони солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ тамоми кишвар дар муқобили даҳшати сиёҳи фашизм ба муборизаи фикрию ҷониву молӣ бархоста буд,  имрӯз низ бояд тамоми мардуми Тоҷикистон дар мубориза ба муқобили ин балои азими харобиовар муттаҳид гарданд.

Дарки ин ҷанбаи фардии хатар ва дарки манфиати шахсии худ дар таркиби ин муборизаи бузург метавонад барои дар ин набард сафарбар шудани тамоми мардуми кишвар таъсири ҷиддӣ дошта бошад.

 

Мирзо Соҳибназаров , устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд