Дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат, оромию осудагӣ танинандоз аст.    Истиқлолияти комиле, ки ба мо ато шудааст бояд шукрона кунему ба шахсиятҳои ношукр бифаҳмонем, то солҳои даргирии ватани азиз, ки аз чунин нофаҳмиҳову дасисабозиҳо рӯи кор омада, тамоми халқи кишварро ба таҳлука оварда буд.

Ҷанги бародаркуши солҳои навадум ба хотири кӣ ва чӣ буд, кӣ бурд ва чӣ бохт? Охир вақте бародар бо бародар меҷангад оё ғолибу мағлуб буда метавонад, ин ҳама бедодгариҳо бемазмун, беасос, бемантиқ буда, ягон рукни дини мубини ислом он ҷо мавҷуд набуд. Оташи он ҷанг бо мушкилии зиёде хомӯш гашт, ҷигарҳо пурхун, қалбҳо харошида ҷовидона монданд, вале чаро боз онро аз сари нав эҳё намоем?

Мо рушанфикрон,    ки   дар  хавои  софу  беолоиши  Тоҷикистони   сохибистиқлол  нафас   мекашем,    кулли  ҷавонони  Тоҷикистон   танҳо  ва  танҳо  як  нияти  холис  дорем,   он  ҳам  бошад  талаби  илм,  маърифат ,   дарси  одаму  одамият. 

Ҷавононе, ки гумроҳи чунин роҳҳо гаштаанд, умедворем, ки аз райъи худ баргашта ба ватани азизи худ оянд, то ки бо таҳсил ё меҳнати худ шуғл варзанд. Чунки миллати мо дар ҳама давру замонҳо фазлу хирад, озодандешӣ, донишандӯзӣ ва зиндагии беолоишро пеша карда кардааст. Барои миллати мо на ҷангу зӯроварӣ, балки фарҳангдӯстиву сулҳпарварӣ, одобу ахлоқи ҳамида, шарҳрдорию бунёдкорӣ, меҳмоннавозию инсондустӣ хос аст. Зеро фардо фурсат ба ҳар яки мо имкон намедиҳад, ки пас аз хулосаҳои зиндагӣ аз сари нав ҷавон шавему ҳаёти босамар барем.

Ҷавонони замони истиқлолият, парвардаи истиқлолият хоҳиш ва орзуву ормон доранд, ки давлатамон рушд намояд ва намегузорем, ки нохалафе чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар ба амнияти истиқлолияти мо таҳдид ворид созад.

Ҳамчун устоди донишкада аз худшиносиву худогоҳии милливу сиёсӣ ва динии донишҷӯёнамон  ифтихор мекунам ва аз чунин андешаварзӣ, фикри солиму равшани ҷавонони донишҷӯ истиқболи ҳамаҷониба менамоям.

  Бинобар он нохалафони дохилӣ ва берунии кишварро  маҳкум карда, гуфтанием, ки онҳо ҳамчун зархаридони хоҷаҳои хориҷӣ (бегона) намуда, ба муқобили Ватани маҳбуби мо корҳои ношоистаро раво набинанд.

 Ин тоифа шахсиятҳо ба дуои модарони тоҷик гирифтор нашаванд.

 Ва ёддрас менамоем, ки то ҳол  оби дидаи модарони азиз аз ҷабри солҳои наваддуми бародаркуши хушк нашудааст.

 Ба онҳо тавфиқ мехоҳем, ки онҳо фикри фарзандони худ, модарону ҳамсар ва авлоди хешро дар назди мардум лаънаткарда қарор надиҳанд.

Тибқи моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст, Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тағйирнопазирии тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро моддаи 100-ум кафолат медиҳад.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътирофу эътиқоди шаҳрванд нисбат ба дину мазҳаб садде гузошта намешавад. Давлати дунявӣ ва демократӣ ифодагари манфиату талаботҳои тамоми мардуми кишвар мебошад. Ин аст, ки баъди истиқлолияти Тоҷикитон, аксари мардуми тоҷик ба дини ислом ҳамчун манбаи ростӣ, покизагӣ, накӯкорӣ, меҳнатдӯстӣ, инсондӯстӣ, ҳидоятгари роҳи рост рӯй оварданд. Ҳамаи ин бе дахолати беруна, дар асоси таъмини озодии интихоби эътиқод буд.

Аммо ҲНИТ ин шароиту имкониятро бо мақсадҳои ғаразона истифода бурд. Натиҷаи амалҳои хоинонаи онҳо буд, ки имрӯз ҳамчун гуреза дар хориҷи кишвар зиндагӣ доранд ва ҳар лаҳзаву соат мехоҳанд барои амнияти кишвар халал ворид созанд. Мақолаҳои баҳсбарагез ва муғризонаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор намуда, умедвории онро доранд, ки халқ бар дифояшон мехезанд. Аммо ҳадафашон пояи воқеият надорад. Зеро халқи яктану якмроми миллати тоҷик бар зидди оинони ғаддори худ якҷоя бо давлат ва Ҳукумати кишвар мубориза мебарад. Зеро мо метавонем.

 М. Темирова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд